Тоҷикони боздоштшуда дар Миср мегӯянд, гуноҳе надоранд

Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки охири ҳафтаи гузашта ба гумони ҳамдастӣ бо гуруҳи террористӣ ДИИШ дар Миср боздошт шуданд, тамоми иттиҳомот алайҳи худро рад кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “Миср ал-явм” иттилоъ додааст.
Ба хабари манбаъ, ин шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтаанд, бо ҳеч гуруҳе ҳамкорӣ надоранд ва наворҳои дар телефони ҳамроҳашон буда аз интернет гирифта шудааст. Ин хабаргузории Миср аз қавли боздоштшудаҳо навиштааст, ду нафари онҳо донишҷӯи донишгоҳи Азҳар ва дуи дигар меҳмон будаанд. Ин дар ҳолест, ки консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Миср мегӯяд, яке аз афроди боздоштшуда донишҷӯи донишгоҳи Қоҳира ва се нафари дигар меҳмон мебошанд.
“Миср ал-явм” навиштааст, шаҳрвандони Тоҷикистон бо қарори додситонии Ҷиза ба муҳлати 15 рӯз ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.
Ин чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон шаби ҷумъа ба шанбеи 20 сентябри соли равон дар минтақаи Ҷиза дар маҳалли аҳромҳои бостонии Миср боздошт шуданд. Мақомоти амниятии Миср гуфта буданд, ҳангоми бозҷӯии мошини ҷавонони тоҷик ашёи машкук, аз ҷумла либосҳои сафеду сиёҳ, дастпӯш ва як дона ханҷару ду дона телефони мобилӣ, ду дона печгуштӣ (атвёрка) ва ноотбук ёфтаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |