Масъулини агентии Тоҷикстандарт зимни як санҷиш ошкор намуданд, ки Зоир Пирматов дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҷамоати «Ҳаёти нав»-и ноҳияи Ёвон ба қаллобӣ машғул будааст.
Зимнан маълум гашт, ки номбурда сӯзишвориро бе сертификати мутобиқат, ба савдо гузоштааст ва гузашта аз ин номбурда воситаҳои ченакро низ риоя намекардааст. Айни замон нисбати Пирматов аз рӯи талаботи моддаи 626-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 140 сомонӣ ҷарима таъин гардида, ҳамчунин дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ноҳияи Панҷ низ ба Раҷабалӣ Шарифов, тибқи моддаи 627-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 350 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд. Гуфта мешавад, Раҷабалӣ Шарифов талаботи стандартҳои сифат ва бехатарии маҳсулот ва воситаҳои ченакро сарфи назар намуда, ба фиреби истеъмолкунанда машғул мешудааст ки ин амали ғайриқонунии ӯ аз ҷониби кормандони агентӣ ошкор гардид.
Маврид ба тазаккур аст, ки як чунин ҳолатҳо дар аксари нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба назар мерасанд. Ҳамакнун бо баланд шудани нархи он шояд ҳуқуқи истифодабарандагон камтар нақз шавад?
Мӯҳр