Кордзании шаҳрванди Ҳиндустон дар назди тарабхонаи “Қанд”
Мақомоти пулиси шаҳри Душанбе мегӯяд, як шаҳрванди 40-солаи Ҳиндустон нисфирӯзи якшанбе-21-уми сентябр ҳадафи ҳамлаи як гуруҳ ҷавонон қарор гирифтааст.
Тавре аз Раёсати умури дохилии Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, феълан бо иттиҳоми ин ҷиноят сокини 20-солаи Душанбе, Файзов Фирӯз дастгир шудааст, ки тибқи иттилои тафтишот тақрибан соати 01:15 дақиқаи рӯзи 21-уми сентябр ҳамроҳ бо Ҳошимов Фарухҷони 26-сола аз ноҳияи Темурмалик ва Саидҷаъфар ном шахс даст ба ин ҷиноят задаанд: “Ин афрод, дар назди тарабхонаи «Қанд», воқеъ дар кӯчаи Баҳовуддинови шаҳри Душанбе шаҳрванди 40-солаи Ҳиндустон Неоги Ависегро бо корд захмӣ карда, ҷои ҳодисаро тарк мекунанд.”
Ба иттилои манбаъ Неоги Ависег, ки дар Душанбе дар ширкати «ИМС-Преҷент-менеҷмент» кор мекардааст ва феълан Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявӣ бистарӣ мебоашд. Раёсати умури дохилии Душанбе таъкид мекунад, ки айни замон таҳқиқи қазия ва амалиёт барои дастгир кардани иштирокчиёни дигари ҷиноят идома дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |