Ҳавопаймои нави бидуни сарнишини Эрон муаррифӣ шуд

Вазорати дифои Эрон охирин модели ҳавопаймои низомии бидуни сарнишини худро муаррифӣ кард.
Ин ҳавопаймо бо мушакҳо муҷаҳҳаз буда, тавони набарди ҳавоӣ бо ҳавопаймоҳои низомиро дорад. Вазорати дифои Эрон мегӯяд, ҳавопаймои мазкур аз қобилияти таъқиб ва гурез бархурдор аст. Дар гузашта низ мақомоти Эрон аз истеҳсоли ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин бо номи “Муҳоҷир-1” ва “Муҳоҷир-2” хабар дода буданд. Ин навъи ҳавопаймоҳо тибқи талаботи замон барои шиносоӣ ва аксбардорӣ истифода мешаванд.
Баъдан ҳавопамои “Муҳоҷир-3” низ рӯнамоӣ гардид, ки барои амалиёти муроқибати ҳавоӣ ва шиносоии амокини мавриди назар дар фосилаи 100 киллометр ба кор бурда мешавад. Он тавони иҷрои маъмурияти худ дар шароити гуногуни ҳавоиро дорад. Ҳавопаймои бидуни сарнишини Эрон “Муҳоҷир-4” аз ҳамтоёни 1,2,3-и худ фарқ дошта, дар як соат 200 киллометрро тай мекунад, баландии парвози он то 4,5 ҳазор метр мерасад. Яке аз моделҳои машҳури “Муҳоҷир-4” ҳавопаймои бидуни сарнишини “Шоҳин” мебошад.
“Шоҳин” яке аз моделҳои пешрафта буда, 230 кило вазн дорад. Ин ҳавопаймо метавонад, дар умқи 150 километр маъмурияти худро анҷом дода, бозгардад ё 300 киллометр ба пеш парвоз намуда, дар пойгоҳи баъдӣ фуруд ояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |