Бахшҳо

Душанбе: Маҳкумияти мошиншӯй, ки бо мошини мизоҷаш фирор кардааст

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, як сокини 21-солаи ноҳияи Фархорро, ки дар Душанбе ба мошиншӯйӣ машғул будааст, ба 7 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.

Додгоҳи мазкур охири ҳафтаи гузашта бо пахши як иттилоия гуфт, маҳкумшуда мошини Мерседеси як муштарияшро гирифта, боиси сар задани се садама дар пойтахт шудааст: “Мизоҷи нуқтаи шустушӯйи мошинҳо Мерседесашро ба ҷавон дода, хоҳиш мекунад, ки баъди анҷоми шустушӯй мошинро дар таваққуфгоҳи назди нуқтаи мошиншӯӣ гузорад. Аммо ин ҷавон аз боварӣ сӯиистифода карда ба сайругашти шабона ба хиёбонҳои Душанбе мебарояд.”

Ба иттилои манбаъ ин ҷавон бо суръати баланд дар болои кӯпрӯк дар кўчаи Саъдӣ Шерозӣ бо Опел-Вектра бархӯрда, ҳаракаташро давом дода, назди бинои «Шарқи озод» ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба автомашинаи хизматии корманди БДА бармехӯрад: “Ӯ ҳаракаташро давом дода, ба симчўби барқии канори роҳ бархўрдааст ва баъдан аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.”

Додгоҳи Фирдавсӣ ҳаҷми зарари моддии соҳиби автомашинаи Мерседесро беш аз 9440 сомонӣ ва автомашинаи хизматии корманди БДА-ро на кам аз 5968 сомонӣ арзёбӣ мекунад.

Манбаъ мегӯяд, мошиншӯйи фирорӣ аз ҷониби кормандони милиса дар маҳаллаи 46-ум боздошт шуд ва додгоҳ дар пайи баррасии қазия ӯро ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.
Мӯҳр
Мошиншуйро ба 7,5 сол махкум мекунанд аммо писари Хукумов, ки се нафарро кушту се нафари дигарро мачрухи якумра кард, дар назди Мерве бо мошинхои гаронбахо гашта истодааст. Ачаб дунее шудаст, намурдем инашро хам дидем.

Ъабдуллох
Чаро писарони мансабдороне ки дар зинахои хукумати кор мекунанд вакте ки ба садама дучор мешаванд ва хатто чанд нафарро мекушанд аммо онхо озоданд то хол гаштанд аммо як мошиншуй ки касеро накуштааст факат хисороти моли додааст ба 7 солу 6 мох хукм мешавад чаро адл чори нест боз мегардем ба казияи писари хукумов чаро уро барои катли чанд нафар хукми хадди акал 1 сол хукм мекаданд ин чои тассуф намешуд аммо мебинем ки адл чори нест мо низ зик мешавем

рост гуфти саида инашро хам дидем лек инчо точикистон мебошад чи ки хохад мешавад чи коре хохи мекуни вале дар он дунё хатман чавобашро медихад онхо инро аз хотир набарор.................вАЙ КАСЕ НАБОШАД писари хукумовай ё каси дигарай.

yf[jl 7? 5 cjk& наход 7.5 сол? ин судяхо аз Судяи хакики умуман тарс надоштаанд!!!
, бечора маблаги зарарро супорад бас нест? ноинсофи аз ин беш намешавад, ки бекаси бепуштипанохро ба муддати дароз зиндони намоянд

Иззатулло
Агар холати кор айнан чунин бошад, пас дар харакатхои мошиншуй аломатхои чиноят вучуд надорад, дар харакатхои у аломатхои хукуквайронкунии маъмури чой дорад. Дар кодекси чиноятии соли 1961 агар вайронкунандаи коидаи харакати рох, дар натичаи садама ба зарари калони модди мерасонид, нисбати у парвандаи чинояти огоз кардан мумкин буд, холо тибки талаботи кодекси чиноятии соли 1998 расонидани зарари модди дар натичаи садамаи наклиёти асос барои огози парвандаи чинояти шуда наметавонад. Мумкин мошиншуйро барои дуздии мошин гунахкор намудаанд, вале дар асл дар харакатхои у аломатхои ин чиноят нест.

.
Иззатулло,

Хамон кодекси чиноятиро хубтар бихон. Он чо статья барои Угон автомобиля пешбини шудааст. Угон ин яъне дуздидани мошини шахси дигар аст. Делои чинояти бамаврид кушода шудааст. 7,5 сол дар зиндон ва баргардонидани зарари модди. Шояд барои дигар беаклон дарси ибрат шавад.

Истиклол
Чавоб ба Инсоф, якумуш инсофта Худо бигира. Агар ин мошиншуя бечора, камбагал гуфта чавоб дихем, пагох хамаи мошиншуйхое, ки дар гирду атрофи шахр мебошанд, мошинхои мизочонро гирифта фирор карда ба садама бармехуранд. Касе вай набошад дар назди Конун бояд чавобашро дихад. Чи бой ва чи камбагал. Конун барои хама якхеласт.
Саида,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)