Дуои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи подшоҳи Арабистони Саудӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми сентябр, бо ирсоли як паём Абдулло ибни Абдулазиз оли Сауд, подшоҳи Арабистони Саудиро ба муносибати иди миллӣ - Рӯзи иттиҳоди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ табрик намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш подшоҳи Арабистони Саудиро бародар хитоб карда, изҳор доштааст, “бо истифода аз ин муносибати нек мехоҳам муҷаддадан аҳамияти муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳоямон ва халкҳои ба ҳам бародарамонро таъкид карда, омодагии худро барои ҳамкории бештар бо Шумо баҳри таҳким ва густариши ин муносибатҳо, ки ормонҳои муштараки моро барои расидан ба пешрафту шукуфоии минбаъда таҷассум мекунанд, иброз намоям.”
Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки “ба Худованди мутаол дуогӯям, ки ба Аълоҳазрат, неъмати сиҳҳату офияти комилро арзонӣ дорад, Шуморо дар паноҳи Худ нигоҳ дорад ва қадамҳоятонро дар анҷоми аъмоли нек ба нафъи мардуми Шоҳигарӣ ва тамоми Уммати мусулмон устувор гардонад".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |