Вокуниш ба прокурор: Ба номуси мардум дастдарозӣ накунед

Интиқоди Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд аз фарҳанги либоспӯшии занон дар шимоли кишвар, ки гуфтааст, “либоси мардуми арабу покистониву эрониро ба бар кардани занону бонувони мо чӣ маънӣ дорад?” вокунишҳои зиёдеро миёни корбарони “Озодагон” ба миён овард.
Аксари корбарон ин интиқодро актарафа ва дур аз воқеият хонда, дахолати як додситон ба либоспӯшии занҳоро дастдарозӣ ба номуси мардум донистаанд. Камол, як корбари “Озодагон” навиштааст, “прокурор (додситон) ба назорати иҷрои қонун сару кор дорад, на ба либоспӯшии занон. Агар ин либоспӯшӣ қонунро вайрон карда бошад, марҳамат дахолат кунад. Вале чун қонун вайрон нашудааст, ин суханонро гуфтан ҷоиз нест. Баръакс, додситон ҳамчун ҳомии қонун бояд гӯяд, ки ҳаққи ҳар инсон аст, ки чӣ хел либос мепӯшад ва касе набояд дахолат кунад”. Дар таъйиди ҳарфҳои Камол, корбари дигаре бо номи Умар навиштааст, “ришҳои мардонро тарошидед, лекин илтимос ба номуси мардум, яъне зану духтарҳояшон дастдарозӣ накунед!”
Абдуллоҳ яке аз корбарон “пайравӣ”-и бархе аз занҳои тоҷик ба мардуми арабу эрониро ҳаққи конститутсионии онҳо дониста, гуфтааст, Тоҷикистон як давлати демократӣ мебошад ва сокинони он ҳаққи интихоби сару либосро доранд: “Чи гунае ки бархе аз занҳо ҳақ доранд, либоси аврупоӣ пӯшанд, занҳои дигар низ бар асоси Сарқонуни кишвар ҳақ доранд либоси арабӣ ё эронӣ ба бар кунанд”.Аммо Абдуллоҳ менависад, агар додситонии вилояти Суғд дар баробари либосҳои эронию арабӣ дар бораи аврупоӣ низ ҳарф мезад, ҳатман ин интиқоди ӯ дастгирӣ меёфт, вале вақте аз воқеият чашм пӯшидааст, наметавонад бо андешаҳои ӯ розӣ бошад. Ӯ гуфтааст, “дар фарҳанги либоспӯшии мо бисёртар хатар либоси аврупоӣ дорад, шумо ҷаноби Курбонзода оё намедонед, ки фарҳанги либоспӯшии мардуми тоҷик чӣ тавр буд, занҳои тоҷик ҳатто то солҳои 1995 либоси миллӣ доштанду либосҳои чакани кушоду рӯймоли сафед ба бар мекарданд. Аммо имрӯз кам нафароне ёфт мешаванд, ки либоси миллиро риъоя кунанд, ман ҳам бо шумо розиям ки ба ҷои он либосҳои сиёҳ либосҳои миллиро кушод духта бипӯшанду дар сар рӯймоли тоҷикӣ дошта бошанд, вале он либосҳое, ки ба фарҳанги либоспӯшии мардуми мо зарар дорад, ин либосҳои аврупоӣ аст, ки мебахшед, тамоми нозукиҳои занонаи духтарони тоҷикро намоён мекунад”.
Дар идома корбаре низ бо номи “Прокурор” ба Қурбонзода тавсия додааст, ки ба ҷойи дахолат кардан ба либоспӯшии занҳо дунболи ифшокунии ҷиноятҳо бошад, чун ба гуфтаи ӯ, масъалаи сару либоси занҳоро бояд Кумитаи занон интиқод кунад: “Як бор хуб фикр кунед ҷаноби додситон, наход аз мини ёбкаву куртаҳои нимурёни аврупоӣ ин либосҳои мегуфтаи шумо ғайриқабул бошад?”“Прокурор” гуфтааст, шояд Қурбонзода нияти додситони кулли Тоҷикистон шуданро дорад, аммо барои ӯ беҳтар аст, дунболи муайянкунии омилҳои худкушӣ бошад, чун дар ин самт нафъаш ба мардум зиёд мерасад: “бигзор танаи шортик ё фаранҷӣ бигарданду заводу фабрика ё танку сомолёт созанд”.
Корбари дигаре низ бо номи “Ҷовид” аз дахолати як додситон ба либоспӯшии занҳо интиқод карда, дар таъйиди суханҳои “Прокурор” илова кардааст, “мегӯӣ дигар мушкилот вуҷуд надошта бошад, мардум аз гуруснагӣ мемиранд, ту бошӣ аз пушти сатру муллоҳо мегардӣ, бигзор ҳар чӣ мепӯшанд, пӯшанд, ин фармудаи Худованд аст, вазифаи шумо таъмини аҳолӣ бо ҷои кору шароити хуб аст. Ҳатто ҳоло дигар президент низ гапи мегуфтанӣ надораду гӯиё тамоми мушкилот ҳал шудаву танҳо ҳамин сару либоси мардум мондааст”.
Аммо “Тоҷик” аз ҳарфҳои додситони Суғд пуштибонӣ кардааст. Ӯ менависад: “пос ва гиромӣ доштани урфу одатҳои миллӣ яке аз вазифаҳои асосии миллати тоҷик бояд бошад. Ҳамаи он шахсоне, ки худро ман тоҷик мегӯянд бояд анъанаҳои миллиро ҳифз намоянд. Вагарна зери таъсири миллатҳои бегона аз байн мераванд. Як бор ба миллатҳои дигар нигоҳ кунанд. Масалан, афғонҳо, русҳо, қирғизу қазоқу ғайра, онҳо дар ҳар куҷо бо либоси миллӣ ва анъанаҳои худ фахр мекунанд. Нишонаи дини Ислом дар либоспӯшӣ нест, балки дар рафтору кирдор мебошад. Инчунин, ҳар як падару модар нагузорад, ки фарзандаш либоси аврупоӣ пӯшад”.
Интиқод додситонии вилояти Суғд аз “бегонапарастӣ”-и занҳои тоҷик дар ҳолест, ки моҳи декабри соли гузашта академик Абдуҷаббор Раҳмонов, райиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва профессор Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи технологии кишвар дар маҳфили “Дизайни либосҳои муосир” аз ихтирои сару либоси замонавӣ ба занҳои тоҷик истиқбол карда буданд. Раҳбарони ду донишгоҳи кишвар, гуфтанд, “миллати тоҷик фарҳангу тамаддуни таърихӣ ва ғанӣ дорад. Дар ҳар давр вобаста ба тақозои замон мардуми мо либоси зебою шинам ва хос ба расму оини хешро ба тан кардаанд. Чун кишвари азизи мо дар айёми ҷаҳонишавӣ қарор дорад, зарур аст, ки сару либос ва пойафзоли ба замона мувофиқ ихтироъ гардад. Боиси хушнудист, ки дар Донишгоҳи технологӣ факултаи махсуси дизайн ва тарроҳии либос фаъолият мекунад ва аз ҷониби муҳассилини ин даргоҳ навъҳои гуногуни зиёди либосҳо тарҳрезӣ шудаанд”.
Акс аз маҳфили “Дизайни либосҳои муосир” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |