Раҳоии Далер Нақибов: Гап сари 30 $ будааст?
Далер Нақибов, корманди Раёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки рӯзи 17-уми сентябр ба иттиҳоми порагирӣ аз ҷониби Кумитаи амният дастгир шуд, аз боздоштгоҳ раҳо гардидааст.
Дар ин бора як нафари наздики Нақибов ба “Озодагон” хабар дода, афзуд, ки ҳаққи ифшои ҷои будубошашро надорад.
Ба иттилои ин манбаъ расонаҳо аз чор ҳазор доллар гирифтани Нақибов хабар доданд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо сухан танҳо сари ҳамагӣ 30 доллари амрикоӣ мерафтааст: “Касе, ки ба ҳаёти хоксоронаи Нақибов бовар надорад, метавонад биёяд ва шароити манзилу зиндагияшро бинад. Ин, ки мегӯянд, ӯ чор ҳазор доллар гирифтааст, дурӯғ аст. Гап сари 30 доллар мерафтааст, ки он ҳам баҳсбарангез аст ва далели кофӣ вуҷуд надорад.”
Дар мақомоти амниятии Тоҷикистон низ хабари раҳоии Нақибовро таъйид карда, афзуданд, ки тафтиши парванда алайҳи ӯ идома хоҳад дошт. Ба иттилои манбаъ тайи тафтиши парванда Далер Нақибов ҳаққи тағйири ҷои иқоматро надорад.
Қаблан гуфта мешуд, ки дар ин робита Манучеҳри Маҳкам, сардори раёсати консулӣ ва роҳбари бевоситаи Нақибов низ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Манучеҳри Маҳкам писари Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон мебошад, ки ахиран дар симмати раҳбари сарраёсати консулии Тоҷикистон Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз намуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |