Прокурорҳои генералии ИДМ дар Душанбе ҷамъ меоянд
Додситонҳои кулли кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар доираи як сафари расмии дурӯза вориди шаҳри Душанбе мешаванд.
Сафари онҳо ба Душанбе рӯзҳои 25 ва 26 сентябр сурат гирифта, ҳадаф аз он, иштирок дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии додситониҳои кулли кишварҳои ИДМ мебошад. Интизор меравад, дар ин ҷаласа ҳамкориҳои мақомоти додситонии давлатҳои ИДМ, аз ҷумла табодули таҷрибаи додситонҳои кулли ин кишварҳо дар самти мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб баррасӣ шуда, иштирокдорон масоили ташкил ва иҷрои барномаи ҳамкориҳои сохторҳои додситонии ИДМ барои солҳои 2014-2018 дар самти мубориза зидди ҷинояткорӣ, терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, қочоқи инсонро ба баҳс кашанд.
Шӯрои ҳамоҳангсозии додситонҳои кишварҳои узви ИДМ соли 1995 таъсис ёфта, ба он Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова ва Украина шомил мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |