Мушкили ақалиятҳои узбактабор барои дарёфти шаҳрвандӣ дар Туркманистон
Ақалияти узбактабори Туркманистон 20 сол аст, наметавонанд шаҳрвандии Туркманистонро дарёфт кунанд. Дар ин бора торнамои “Хроника Туркменистана” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳазорҳо тан аз сокинони Туркманистон дар муддати 20 соли зиндагиашон дар ин кишвар ҳанӯз соҳиби шиноснома ва шаҳрванди комилҳуқуқи ин кишвар нашудаанд. Узбактаборони вилояти Лебап ва Дашогуз бештар дучори ин мушкиланд. Бештари ин афрод 2-3 сол қабл аз пошхӯрии Шӯравӣ ба донишгоҳҳои Узбакистон дохил шуда, соли 1991 онро хатм карданд. Баъди солҳои 1992-1995, ки дубора бо шиноснома ва дипломҳои замони Шӯравӣ ба Туркманистон баргаштанд, онҳоро нолозим дарёфтанд.
Ин мушкил дар вазъияти оиладорӣ ҳам бетаъсир намондааст. Теъдоди зиёди оилаҳо, ки зану шавҳар шаҳрвандии Туркманистон ва Узбакистонро доранд фарзандонашон наметавонанд соҳиби шиноснома шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |