Сипоси вазири хориҷӣ ба вазири дохилӣ: Ба мардум кӣ раҳмат мегӯяд? (АКС)

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, расман бо ирсоли як паём ба генерал, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар изҳори миннатдорӣ кардааст.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми сентябр хабар медиҳад, Аслов зимни ироаи миннатдорияш аз ҷумла таъкид намудааст, ки тадобири амниятии мақомоти умури дохилӣ зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай шоистаи таҳсин аст: “Хидмат дар роҳи пешрафту шукуфоии Ватан комёбиест, ки мебояд ҳамвора дар истимрори он ҳиммат гумошт ва самараи мубораки саъйю талошҳои пайвастаи Шумо, муҳтарам ҷаноби Вазир ва чунин кормандони содиқу соҳибмаҳорат боиси тақвияти эътибору манзалати кишвармон дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад гашт.”
Ин дар ҳолест, ки роҳбандию бозорбандӣ, ки ба далели ҳузури президентҳои кишварҳои хориҷӣ тайи се рӯзи ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе роҳандозӣ шуда буд, боиси нороҳатии бисёре аз сокинони қатории пойтахт гардид.
Дар шаҳри Душанбе аз 11 то 13-уми сентябри соли равон ба далели тадобири амниятӣ ҳаракати мошинҳо дар кӯчаҳои калидӣ маҳдуд буд ва мардум аксаран пиёда мегаштанд. Дарвозаҳои “Корвон”, калонтарин бозори Тоҷикистонро тайи се рӯз бастанд, ки ба гуфтаи тоҷирони бозор зараровар буд.
Ронандаҳои мусофиркаш низ изҳор медоштанд, ки дар пайи роҳбандиҳо маҷбуранд гирди шаҳр гарданд, ки дар натиҷа хатти сайри онҳо низ тӯлонӣ гашта, хароҷоташон афзоиш ёфтааст.
Аммо бо вуҷуди ин ҳама ягон ниҳоди Тоҷикистон барои эҷоди чунин нороҳатиҳо аз сокинон узр нахост ва сипос нагуфт, ки чунин шароитро тоқат карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |