Боздошти чор тоҷики дигар барои ҳамкорӣ бо ДИИШ

Дар Миср чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони террористии “Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ) ё "Давлати исломӣ" боздошт кардаанд.
Ин шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 22 сентябр аз сӯйи маъмурини амниятии мисрӣ дар минтақаи маъруф ба Ҷизаи ин кишвар дастгир шудаанд. Мақомоти амниятии Миср се тан аз ин боздоштшудаҳоро донишҷӯи Донишкадаи пажӯҳишҳои исломии Миср хонда, гуфтаанд, ҳангоми бозҷӯии мошини онҳо ашёи машкук пайдо шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз дохили мошини шаҳрвандони Тоҷикистон либосҳои сафеду сиёҳ, дастпӯш ва як дона ханҷару ду дона телефони мобилӣ, ду дона печгуштӣ (атвёрка) ва ноотбук ёфт гардидааст. Мақомоти амниятии Миср мегӯяд, дар телефонҳои мобилии ин шаҳрвандони Тоҷикистон аксу наворҳое дар бораи ДИИШ ва ишораи “ар-Робиа” вуҷуд дошта, дар ойинаи ақиби мошини онҳо парчами хосси ин созмон овезон будааст. Манбаъ дар шарҳи ин хабар илова кардааст, ҳоло тафтиши ин қазия бар уҳдаи додситонии Ҷиза вогузор шудааст.
Дар ҳамин ҳол, генерал-майор Камал Далӣ, райиси департаменти Ҷиза дастур додааст, то иртиботи афроди боздоштшуда бо ДИИШ ва сабаби ҳузури онҳо дар минтақаи археологии Миср муайян шавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |