Баҳои "ду"-и Диловаршоҳ барои доварии рақобати "Парвоз"-у "Далерон"
Сатҳи доварии Диловаршоҳ Орзуев дар доираи даври 13-уми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ “ғайриқаноатбахш” эътироф шуд.
Орзуев қувваозмоии дастаҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшанро доварӣ кард, ки бо ҳисоби 1:2 анҷом ёфт. Торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон менависад, Алишер Урунов, менеҷери Лигаи миллии футболи кишвар, ки дар ин бозӣ ба ҳайси нозир иштирок дошт, ба Диловаршоҳ Орзуев баҳои “ду” (4 хол) гузоштааст.
Баъди анҷоми бозӣ, сармураббии “Парвоз” Муҳаммад Ҷӯраев аз болои Орзуев шикоят кардааст. Ба гуфтаи ӯ, довар дар дақиқаҳои 68 ва 84-и дидор ба дарвозаи “Далерон” зарбаи ҷаримавӣ таъин накард. “Навори ин бозӣ нишон додааст, ки довар воқеан ба хатоӣ роҳ додааст, ки ба натиҷаи бозӣ таъсир гузошт”,-навиштааст манбаъ.
Шикояти “Парвоз” қарор аст дар наздиктарин ҷаласаи комиссияи мутахассисон ва нозирони ФФТ баррасӣ шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |