Бахшҳо
23 сен 2014 09:55Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

ВИДЕО: Саломи оташини Турсунов аз “Поле Чудес” ба Тоҷикистону Узбакистон

Маъруф Турсунов, як сокини узбактабори деҳаи Маданияти Тоҷикистон дар барномаи ахири “Поле чудес” дар шабакаи аввали телевизиони Русия иштирок карда, ба Леонид Якубович, барандаи барнома дар баробари меваҳои хушки Тоҷикистон инчунин ҷорубу оби боронро тақдим намуд.

Турсунов зимни муаррифияш дар барнома, ки рӯзи 19-уми сентябр пахш шуда буд, изҳор дошт, ки ба ҳайси кӯчарӯб дар Санкт Петербург кор мекунад. Ба гуфтаи Леонид Якубович ӯ нахустин кӯчарӯбест, ки дар давоми 20 соли охир меҳмони ин барнома шудааст.

Дар пайи тақдими меваҳои хушк ва тоқӣ, ки ба гуфтаи Турсунов ҳам узбакӣ асту ҳам тоҷикӣ ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Яқубович оби боронро туҳфа кард, ки дар давоми кораш дар Санкт Петербург ҷамъоварӣ намудааст. Турсунов дар хитоб ба Якубович гуфт, “Санкт Петербург бо боронҳояш маъруф аст ва чун аксари вақти кориямро таги борон мегузаронам, барои Шумо оби борон ҷамъ кардам.”

Ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Якубович, ки бо ханда афсонаи “Нахӯр аз оби кӯлмак”-ро зикр кард, изҳор дошт, ки оби борони овардааш шифобахш аст.

Дар ниҳоят Маъруф Турсунов дар хитоб ба наздиконаш ва дигар сокинони Тоҷикистону Узбакистон гуфт, “саломи оташини худро аз майдони муъҷизаҳо ба Шумо мерасонам!”


ВИДЕОИ барномаи “Поле Чудес” бо иштироки Маъруф Турсунов
Мӯҳр
Кори Исмат
Точикул
Ин амали сохтаи сисёсати русхост!Аввалан хис мешуд,ки ин Турсунови узбактабор саводи казои надорад ва кучо расад ба чавоби кроссоворди "Майдони муъчизахо" ва сохиби роххат шудан!Онро сохтакорона ташкил карда , бо чоруб оварда халкхои Осиёи Миёнаро ва бахусус точиконро тахкир намудаанд!Марг ба чунин номуси милли.Мана натичаи чанги ташкилнамудаи русхо ва думравони онхо болшевикони точиккуш миллатро ба чи хол овард.Афсуз,сад афсуз!

Сардор
Точикул,
Хамаро мисли худат бесавод хаёл карди. Гарчанде кучаруби мекунад вале аз илму дониш бохабар аст. Як бурида нонеки мехурад халол карда мехурад. монанди аз пушти ким кадом стул шишта гайбат намекунад. Ба худат боре суол доди, ки дигаро накарданд худи ту чи кореро карди барои халку миллату ватанат.

ахсан ба Турсунов. у аз ноилочи кучаруб бошад хам ба поле чудес барои фахмиши хубаш роххат додаанд.ин обруи мардуми осиеи миена аст. ин иштирок пасти нею балки маънои дигарро дорад: мардуми Осиеи Миена хатто кучарубаш дониш ва фахмиши хуб дорад, кучаруби сохтмончиги бошад хамаи ин аз ноилочист.

Ин УЗБАКАЙ точик нест ин чи канд за меги

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)