Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Додситони кулл гуфт, духтари президент дар тақаллуб муттаҳам мешавад
Додситони кулли Узбакистон душанбеи 22 сентябр тасдиқ кардааст, Гулнора Каримова, духтари калони райиси ҷумҳури ин кишварро дар тақаллубкорӣ муттаҳам медонад.
Дафтари матбуоти додситонии Узбакистон гуфтааст, духтари президент воқеан яке аз муттаҳамон аст. Ба иттилои манбаъ, шарикони наздики Гулнора шахсоне бо номи Гаяне Авакян, Рустам Мадумаров, Нурмуҳаммад Содиқов ба давлат дар ҳаҷми 457 миллиард сум, муодили беш аз 152 миллион доллар зарар расондаанд.
Ба иттилои торнамои ca-news, ин афрод дар дуздӣ ва аз худ кардани дороиҳои кишвар ва чандин тақаллубкориҳои иқтисодӣ мутаҳҳам мешаванд. Аъзои ин гуруҳ ҳамчунин дар дуздии одамон низ муттаҳам дониста мешаванд.
Гулнора Каримова бино ба иттилои расонаҳо аз ҳафт моҳи пеш ҳамроҳ бо духтараш дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад. Чанд рӯз қабл дар интернет аксҳое нашр шуд, ки дар онҳо дида мешуд духтари калони Ислом Каримов бо афроди низомипӯш дар ҷидол аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |