Сайф САФАР
Ҷавонони Афғонистон ба тавофуқи Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай барои ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ нигоҳи яксон надоранд. Хабарнигори “Озодагон” бо чанд ҷавони фаъоли давлати исломӣ суҳбат дошт ва нигоҳашонро ба ин тавофуқи сиёсӣ ва ояндаи он пурсид.
Мансур Носирӣ, устоди Донишгоҳи Кобул ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро бар ҳадар рафтани маблағ, беэҳтиромӣ ва ба масхара гирифтани
мардум медонад. Ин устоди донишгоҳ мегӯяд, касоне ки аз ин раҳбарон нафъ мебаранд ё вобаста ба ин гурӯҳҳо ҳастанд, аз чунин ҳукумат истиқбол мекунанд, чун феълан ҳардуи ин раҳбарон ба қудрат омаданд: “Аммо, як теъдоди дигар, ки дур аз ҳар ду гуруҳанд, ҳукумати ваҳдати миллиро қабул надоранд”.
Мансур дар ҷавоб ба ин суол, ки оё эҳтимоли ба хиёбон рехтани мардум вуҷуд дорад, гуфт, чунин эҳтимол хеле кам ҳаст, аммо шояд ҷомеаи маданӣ, ки аз раванди интихобот назорат мекард, аз худ аксуламале нишон диҳад. Довуди Пажмон, овозхони афғон мегӯяд, ҳарчанд аз тавофуқи ҳосилшуда дар фазои буҳронӣ хушбин аст, аммо “ҳарос дорам, дар оянда ба хотири касби симматҳои давлатӣ ин ду оқо ба заду банд мувоҷеҳ шаванд”.
Мансур Носирӣ, устоди Донишгоҳи Кобул ҳам бар ин бовар аст, ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ тақрибан ба маънои тақсими қудрат миёни раиси ҷумҳур ва раиси иҷроӣ ҳаст. Агар ин ду гуруҳ мехоҳанд ба манофеи қавми худ кор кунанд ва замоне, ки манфиати яке дар таззод бо дигарӣ қарор бигирад, ояндаи ин ҳукумати ваҳдати миллӣ буҳронӣ пешбинӣ мешавад. Ӯ мегӯяд: “Мардуми Афғонистон бисёр эҳсосотӣ, фоқиди донишҳоӣ сиёсӣ ва вобаста ба ҳалақоти раҳбаронашон ҳастанд. Ба ин тартиб, дар сурате, ки раҳбарон миёни худ носоз шаванд, ин мардум шурӯъ ба тазоҳурот мекунад”.
Восиқ Бахтиёрӣ, устоди дигари Донишгоҳи Кобул бошад, ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро дар шароити феълӣ, аз гузинаҳое медонад, ки ҳукумати Афғонистон ва ҷомеаи байналмилалӣ дар бисот доштанд. Ҷаноби Бахтиёрӣ мегӯяд, “Афғонистон ҳеҷ гузинае барои бартараф сохтани бунбасти сиёсӣ надошт ва ин гузина аз буҳрони бисёр бузурге ҷилавгирӣ кард, ки аз марги ҳатмии мардум дарак медод”.
Ӯ ҳамчунин дар мавриди ояндаи ҳукумати ваҳдати миллӣ хушбин ҳаст, вале мегӯяд, ин хушбинӣ дар сурате ба миёни меояд, ки агар ду сиёсатмадор ба нафъи мамлакат биандешанд ва байнашон як рақобати солим ба вуҷуд биёяд. Дар ҳамин ҳол, Ғуфрони Бадахшонӣ, унвонҷӯи донишгоҳи
Амстрадам ба “Озодагон” гуфт, бо ин тавофуқ сарнавишт ва ҳаққи сиёсии мардуми Афғонистон ба масхара гирифта шуд. Ӯ ҳукумати ваҳдати миллиро ин гуна таъриф кард: “Ҳукумати ваҳдати миллӣ, яъне пайафкании як ойин ва суннати шуми дигар. Ҳукумати ваҳдати миллӣ, яъне, по гузоштан рӯи синаи кӯдаки навзоди мардумсолорӣ. Ҳукумати ваҳдати миллӣ, яъне, беҳурматӣ ба мардуми Афғонистон ва онҳое, ки панҷаҳои худро аз даст доданд. Ҳукумати ваҳдати миллӣ, яъне, доғдор сохтани мардумитарин раванди сиёсӣ дар торихи Афғонистон”.
“Ман ояндаи Афғонистонро хеле тира мебинам. Бидуни шак дар канори шовинизми паштун, дар кӯтоҳтарин фурсат, гувоҳи шовинизми узбак низ хоҳад буд. Ва ин озмудашудагон бори дигар бо шараф ва иззати мардуми Афғонистон бозӣ хоҳанд кард”,-илова кард Ғуфрони Бадахшонӣ.