Тоҷикро ба зону шинонданд? Вокунишҳо ба ҳайкал дар Маскав
Азми Департаменти мероси фарҳангии Маскав барои насби ҳайкали муҳоҷири тоҷик миёни корбарони сомонаи “Озодагон” вокунишҳои зиддунақизро ба миён овард. Бархе агар ин иқдоми мақомоти русро мисоли ибрат барои зимомдорони тоҷик хондаанд, қисми дигар онро паст задани номи миллат ва “ба зону шинондани тоҷикон” арзёбӣ кардаанд.
Як хонандаи “Озодагон”, ки худро "тоҷики кӯҳистонӣ" муаррифӣ кардааст, ин ҳайкалро, ки аз як коргари оддии тоҷик, зимни санггузорӣ дар роҳравҳои Маскав иборат хоҳад буд, як “шармандагӣ” унвон кардааст: “Ана шармандагӣ. Бе ҳамин ҳам дар тамоми ҳайкалҳое, ки дар Маскав ва дигар қисмҳои Шӯравии собиқ монда шудаанд тоҷикон бо кетману бел истодаанд (намояндагони дигар ҷумҳуриҳо бо яроқ ва лавозимоти илмӣ). Акнун тоҷики қаламкашу шамшерзан, бо сари баланди пурғурурро ба зону шинонданд дар кишвари бегона. Войи мо, ки ғурурамонро аз даст додаем. Войи мову войи миллати мову войи ояндагонамон, ки барояшон чизе намондем. Мо ку аз пешиниёни худ чизеро гирифтем, ки каме бо он фахр кардем, вале акнун?... Эй кош чун қафқозиҳо дузду роҳзан мешудему каме боғурур. Ин хабаре нест, ки мо бо он фахр кунем ва ё хурсандӣ.”
Аммо “Пеле”, корбари дигари “Озодагон” сохтмончиро, як касби бонуфуз хонда, афзудааст, ки шарт нест, ҳайкали марди тоҷикро бо яроқ ё қаламу китоб гузоранд: “Аз яроқдор чӣ фоида расидааст, ё аз ҳамон шоиру нависанда? Сохтмончӣ биноҳои баланд месозад, шаҳрҳоро обод мекунад, ки мову шумо барин одамҳо дар он зиндагӣ мекунанд.”
Хонандаи дигари “Озодагон”--“Марадона” бо “Пеле” розӣ нест ва чунин иҳори ақида кардааст, “барои Шумо сухане гуфтан дар бораи мафкура (подсознание), ки мардумро бо он асрҳо мешиносанд беҳуда аст. Фарз кардем, ки тамоми Маскавро сохтем, аммо дар он кӣ зиндагӣ мекунад? Нафароне, ки дар он хонаҳо зиндагонӣ ва ё кор мекунанд, ману шуморо бо мондани ин ҳайкал ҳурмат мекунанд? На! Ҳаргиз! Зеро ҳайкали мо чунин гузошта шудааст, ки мо дар назди инҳо ба зону задаем. Ва маънои ин ҳайкал танҳо сохтмончӣ ва изҳори сипоси мардуми Маскав нест. Маънояш ин аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон ба зону задааст, дар назди мардуми он кишвару гадоӣ мекунад, илтиҷо мекунад, ки маро дастгирӣ намоед. Аз ин бояд шуруъ кард!”
“Асрор”, як шарҳнависи дигари “Озодагон” ин иқдоми бегонагонро мисоли ибрат барои мақомоти тоҷик хондааст, чун тамоми Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирон нон мехурад: “Бегонагон ҳайкал мегузоранду мо, ки аз ранҷи онҳо зиндагӣ мекунем, билета қиммат мекунем.”
“Писари муҳоҷир” низ барои ин иқдом ба раҳбарияти Маскав изҳори миннатдорӣ карда, изҳори боварӣ намудааст, ки “агар Русия намешуд, бо ин аҳволи ҳукуматдорӣ 90 фоизи миллати тоҷик гадо шуда, аз байн мерафт.”
“Муҳоҷир”, корбари дигари “Озодагон” низ аз он нигарон аст, ки мабодо ин ҳайкали муҳоҷири меҳнатии тоҷик боиси махсара дар байни муҳоҷирони дигару сокинони маҳаллӣ гардад.
Ин назарҳо дар ҳолеянд, ки Департаменти мероси фарҳангии Маскав қарор кардааст, дар маҳаллаи маъруф ба ВДНХ барои муҳоҷири тоҷик ҳайкал гузорад. Тибқи иттилои ин ниҳод, қарор ба хотири арҷгузорӣ ба меҳнат ва саҳми тоҷикон дар ободии Маскав қабул шуда, ташаббускорони асосии он сокинони муқими Маскав будаанд. Лоиҳаи ин ҳайкал, ки аллакай дар Галлерияи санъати Зураб Серетели таҳия шудааст, як коргари оддии тоҷикро дар бар мегирад, ки дар роҳрави Маскав ба санггузорӣ машғул аст.
ШУМО метавонед, назари худро ба ин иқдоми мақомоти Маскав дар зери ин матлаб нашр кунед. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |