Бурди "Мерседес-Бенс" дар бозии “Истиқлол”-и Душанбе ва "Шалке-04"-и Олмон
Қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон - “Истиқлол”-и Душанбе бо клуби “Шалке-04”-и Олмон дидори дӯстона анҷом медиҳад.
Ин бозӣ соати 18:00-и 13 октябр дар варзишгоҳи ҷумҳуриявии Душанбе оғоз мешавад. Ҳайати бозигарони клуби “Шалке-04”, 11 октябр ба Душанбе меоянд ва рӯзи дигар дар варзишгоҳи марказӣ тамрин хоҳанд кард. Нишасти матбуотии сармураббӣ ва сарварони дастаҳо 12 октябр дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Реҷенси Душанбе” баргузор мешавад.
Дар поёни ин қувваозмоӣ миёни ҳаводорон бурди сабукрави "Мерседес-Бенс" сурат мегирад. Арзиши билетҳо 15 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин дувумин дидори “Истиқлол” бо тимҳои Олмон аст. 3 июли соли 2010 дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ клуби Душанбе бо “Хессен-Кассел” қувва озмуд ва бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |