Баъди Фатво: Убайдуллоев гуфтааст, сагкушӣ намекунем!

Куштани сагони бесоҳиб ё худ девона, ки ахиран сомонаи хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо онро ҷоиз хонд, дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Тавре ҳозирини ҷаласа ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Зафар Абдуллоев, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Убайдуллоев хостааст, куштори сагони бесоҳибро ҷилавгирӣ кунад ва барояшон ҷойҳои махсуси нигоҳдорӣ ташкил карда шаванд.
Шаҳрдорӣ дар посух нияти нобудсозии сагони бесоҳибро рад карда, таъкид намудааст, барои чунин ҳайвонҳо дар Душанбе аллакай ҷойҳои махсус вуҷуд доранд.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дар пайи шикоятҳои зиёд ва тарси сокинон аз афзоиши сагони девона дар Тоҷикистон сомонаи хонаводагии Тураҷон. Орг фатвое нашр кард, ки куштани ин гуна сагонро ҷоиз медонад.
Тураҷон. Орг, сомонаи хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо навиштааст, “агар сагҳои дайду газанда бошанд, куштани онҳо ба иттифоқи олимон ҷоиз аст.”
Ин фатво дар ҷавоб ба суоли корбаре мебошад, ки гуфтааст, “сагҳои бесоҳиби газанда ба мусалмонон зарар мерасонанд. Аз ҷумла дар вақти намози хуфтану бомдод аз ҳароси сагҳо баъзеҳо ба масҷид намераванд. Оё куштанашон ҷоиз аст?”
Turajon.org дар идомаи посух ба ин суол аз суханони паёмбар (с) иқтибос оварда, мегӯяд, 5 ҳайвон аст, ки Ислом ба куштани онҳо иҷоза додааст ва яке аз онҳо ин саги газанда мебошад. Дар шарҳи ин гуфтаҳо торнамо илова кардааст, агар ин сагҳо соҳиб дошта бошанд, ба хотири ҳалли ин мушкил ба онҳо муроҷиат кунед.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аз ҳадафи ҳамлаи сагони девона қарор гирифтани 23 сокини ин минтақа дар давоми ду-се рӯз хабар дода буд. Ин ниҳод гуфт, дар пайи як амалиёти кормандонаш 92 саг аз деҳоти зикршуда безарар гардонида шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |