Бахшҳо
12 сен 2011 03:20Хабарҳои ҷаҳон

Ҳангома: Райани амрикоӣ 150 акаву хоҳар доштааст

Сокини шаҳри Вашингтон  Райан Креймер ҳамакнун фаҳмидааст, ки ҳудуди 150 додару хоҳар доштааст.


«The New York Times», нашрияи чопи Амрико менависад, модари  Райан, Синтия 7-сол муқаддам барои ҳомила гаштан аз спермаи донорӣ истифода бурдааст. Баъди таваллуд ва калон гаштани писараш, Синтия донистан мехоҳад, ки писари ӯ додар ва ё хоҳар дошта бошад? Ҳангоми пурсуҷӯ, ба қавле ҳуш аз сари модар паридааст. Пажӯҳиш маълум кардааст, ки писари ӯ 150 апаву додари дигар доштааст. Ҳамаи ин кӯдакон аз ҳормонҳои як падари биологӣ ба дунё омадаанд. Тибқи қавонини мавҷудаи Амрико донистани фарзандони аз як донор ба дунёомада ягон мушкилие надорад, зеро ба ҳар як марди донор рақами мушаххас дода мешавад. Хонуми Синтияи амрикоӣ гуфтааст, ҳамаи кӯдакони моро якбора ва якҷоя дидан ваҳмангез аст, зеро онҳо ҳамагӣ тақрибан ба як суратанд.

Гуфтанист, дар Амрико кам нестанд оилаҳое, ки кӯдаконаш аз «донорпадарҳо»  ба вуҷуд омадаанд ва то 50 ва аз он ҳам зиёд бародару хоҳар дошта бошанд. Дар ҳамин ҳол, қазияи Райан коршиносони амрикоиро ба андеша водор кардааст. Зеро дар ин кишвар хонумони зиёде ҳаваси таваллуд кардан ва ба воя расондани фарзандони «сунъӣ»-ро мекунанд. Дар натиҷа, аксари эшон ноогаҳ ва ё бефарқ аз як донор истифода мебаранд ва «фарзандони як падари биологӣ» ё худ  «тифлони бонкагӣ» афзудан мегирад ва бехабар аз табори худ, дар оянда метавонанд бародару хоҳар оила бунёд карда, зану шавҳар шаванд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)