Эътирози Зоиров аз тамдиди ҳабси Қудратов: Худашон нахостанд!
Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар бораи тамдиди ҳабси зерҳимояаш шикояти кассатсионӣ бурда, талаб кардааст, Қудратов аз боздошт раҳо гардад.
Зоиров имрӯз, 22-юми сентябр дар шарҳи муҳтавои шикояти кассатсионияш ба “Озодагон” гуфт, аз додгоҳи Душанбе хост, Шуҳрат Қудратов бе иҷозаи баромадан аз ҷои истиқомат дар давоми баррасии парвандааш аз боздоштгоҳ озод карда шавад. Ин вакили дифоъ қарори додгоҳи Фирдавсиро, ки 19-уми сентябр содир шуда, боздошти Қудратовро барои ду моҳи дигар, то 21-уми ноябр тамдид кардааст, беасос хонд: “Ҳеч асосе барои таъхиргузорӣ вуҷуд надорад. Худашон амалиёти тафтишотро аз аввал дуруст ба роҳ монда натавонистанд. Ҳама имконятҳоро барои анҷоми тафтишот доштанд, вале худашон анҷом додан нахостанд”.
Зоиров аз додгоҳи Душанбе талаб дорад, ки қарори баровардаи додгоҳи Фирдавсиро бекор кунад.
Қаблан Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон қазияи боздошти Шӯҳрат Қудратовро шарҳ дода, афзуд, ки Қудратов дар додани пора муттаҳам шуда, алайҳи ӯ бар асоси моддаҳои 36 қисми 4; 32 қисми 3 ва 320 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз шудааст.
Дар ҳамин ҳол Турабек Охунов, бародари Ҷурабек Охунов, раиси ширкати “Мовароуннаҳр” низ ахиран алайҳи Қудратов ба мақомот шикоят бурда, иддао кардааст, ки ин вакили дифоъ 10 ҳазор доллари хонаводаашро аз худ кардааст.
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиюми юридикӣ, ки аз ҳуқуқи Шӯҳрат Қудратов дифоъ мекунад, ҳамаи ин иттиҳомотро беасос медонад.
Зоиров мегӯяд, "ҳоло мақомот бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ, алайҳи Шӯҳрат Қудратов айбнома эълон кардаанд, ки асос надорад". Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, ҳангоми рӯбарӯкунӣ Шӯҳрат Қудратов иддаои Тӯрабек Охуновро дар бораи гирифтани даҳ ҳазор доллар рад карда, гуфтааст, ҳамагӣ барои бист моҳи ҳимояташ аз Ҷӯрабек Охунов 7 ҳазор доллар ҳаққи корашро гирифта буд, на бештар аз он.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |