Боздошти як муҳоҷири узбак бо иттиҳоми “кордзанӣ”-и тоҷикон дар Русия
Як табааи Узбакистон дар Зеленоград, вилояти Маскав бо корд ба ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла кардааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ бо такя ба дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии Зеленоград иттилоъ додаанд.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди 26 солаи Узбакистон бо корд ба ноҳияи шиками ду тоҷикистонӣ, ки яке 27 ва дигарӣ 35 сол доштаанд, зада аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Ҷабрдидаҳо феълан дар беморхонаи шаҳрӣ бистариянд. Табааи Узбакистон дар пайи як амалиёт аз сӯйи кормандони пулис дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Самара дастгир шудааст.
Раёсати умури дохилии Зеленоград гуфтааст, шоми 14 сентябр миёни ин муҳоҷирон ҷанҷол мехезад ва шаҳрванди Узбакистон бо корд ба онҳо ҳамла мекунад. Аз ҳеч як аз ин муҳоҷирон ном бурда нашудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот идома доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |