Абдулатифи Пидром тавофуқи Абдуллоҳ ва Ашраф Ғаниро хиёнати миллӣ номид

Абдулатифи Пидром, шоир ва намояндаи мардум дар Луи Ҷиргаи Афғонистон бо пахши изоҳороте тавофуқи Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо Ашраф Ғаниро хиёнати миллӣ хондааст.
Оқои Пиндром дар саҳифаи Фейсбукаш навишта, “муомилаи хоинонае, ки қатъан интизори он мерафт, шакл гирифт ва шуру шайдои ҳазорон ҳазор инсони адолатхоҳ дар пойи курсӣ ба номи ниҳоди раёсати иҷроӣ хориҷ шуд”.
Ӯ дар идома менависад, хиёнати ин гурӯҳ дар иҷлоси Бон ва тавтеаи онон алайҳи устод Раббонӣ кофӣ аст, дубора ба онҳо эътимод нашавад ва мардум фиреб нахӯранд: “Чаро қавме бо ин гузаштаи дурахшони фарҳангиву илмӣ ба ҳамин содагӣ шуур ва шарафашро бозичаи одами нобакоре қарор медиҳад, ки дар зери ном ва ливои ин қавм ва сардори бузурги он Аҳмадшоҳи Масъуд пинҳон шуда аст, дар беҳтарин фурсатҳои бадастомада ханҷари нафрат ва қавмии торихиашро бар ҷигаргоҳи он фурӯ мекунад”.
Бояд таъкид кард, соли 2001 як гурӯҳи тоҷикон дар нишасти Бони Олмон бо раҳбарии Юнус Қонунӣ ва доктор Абдуллоҳ раиси ҷумҳури вақти Афғонистон - Бурҳониддин Рабониро аз вазифааш барканор карда, ба ҷои ӯ Ҳомид Карзайро ба унвони раиси муваққат ҷойгузин карданд.
Оқои Пидром гуфтааст, Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ зиракона ба ҷаҳон нишон доданд, ки бидуни ҳузури қавми тоҷик ҳам тавони ташкили ҳукумат дар Афғонистонро доранд: “Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ, ки ҳар ду аз як таборанд, зиракона хостанд ба ҷаҳон бигӯянд бидуни тоҷикҳо ҳам мешавад, ташкили давлат дод. Ҳузури ду нафар аз як қавм дар мақомҳои раёсатҷумҳурӣ ва иҷроӣ тири ба дастовардаи бузургон ва қаҳрамононе буд, ки тайи садаҳо ва низ даҳаҳои пасин бо фидо кардани хуни тоҷикҳо ва сойири ақвоми таҳти ситамро ба ҷойгоҳи рафеъ нишонда буд”.
Ӯ аз доктор Абдуллоҳ ба унвони муомилагар ном бурда, таъкид мекунад, миллати тоҷик бояд ба найрангҳои ин одам пай мебурд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |