Баҳси барномаи ҳастаӣ ва таҳдидҳои ДИИШ дар мулоқоти вазирони хориҷаи Эрону Амрико
Вазирони хориҷаи Эрон ва Амрико шаби якшанбе дар шаҳри Ню-Йорк дидор ва гуфтугӯ кардаанд.
Бино ба эълони вазорати хориҷаи Амрико дар ин дидор, ки яку ним соат тӯл дошт, тарафҳо дар мавриди масъалаи ҳастаӣ ва таҳдидҳои фаъолияти гуруҳи террористии ДИИШ табодули назар кардаанд.
Дар ин мулоқот вазъияти музокироти Гуруҳи 5+1 дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон ва пешрафтҳои суратгирифта, ҳамчунин иқдомотеро, ки бояд сурат гирад, баррасӣ карданд. Ҷон Керрӣ ишора кард, ин ҳафта фурсате барои анҷоми пешрафтҳои бештар аст ва таъкид дошт, нияти мо анҷоми ин кор аст.
Ҳафтумин давр аз музокироти Эрон ва 5+1 дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон аз рӯзи ҷумъа дар шаҳри Ню-Йорк оғоз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |