20 ҳазор $ фоида аз истисмори духтари 19-солаи тоҷик дар Дубай
Мақомоти пулиси Тоҷикистон ду сокини вилояти Суғдро боздошт намудаанд, ки дар одамфурӯшӣ муттаҳам мешаванд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, сокини 25-солаи шаҳри Чкалов ва истиқоматкунандаи 42-солаи Хуҷанд дар интиқоли духтарони тоҷик ба кишварҳои арабӣ даст доранд.
Ба иттилои манбаъ феълан алайҳи онҳо барои интиқоли духтари 19-солаи тоҷик ба Дубай айб эълон гардидааст: “Тафтишот муайян намудааст, ки дастгиршудагон, моҳи октябри соли 2013 бо роҳи фиреб як сокини 19-солаи Чкаловро ба шаҳри Дубай даъват карда, маҷбуран ба фоҳишагӣ ҷалб намудаанд.”
Мақомот ҳисоб кардаанд, ки аз ин ҳисоб айбдоршавандаҳо 20 000 доллари амрикоӣ фоида ба даст оварда, ба манфиати шахсии худ сарф намудаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |