Пешниҳоди Убайдулло Раҷабов барои ҳисобукитоби “местний” ва “приезжий”-ҳо
Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон рӯзи 20-уми сентябр дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе масъалаи гадоёнро ба миён гузоштааст.
Тавре Раҷаби Мирзо, яке аз ҳозирини ҷаласа дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, Убайдулло Раҷабов хостори ҳисобукитоби гадоён дар Душанбе шудааст, ки чӣ қадарашон муқимиянду чӣ қадар муҳоҷир аз навоҳии дигар.
Дар посух Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар Душанбе изҳор доштааст, ки дар пойтахт 500 гадою талабанда сабт шудаанд, ки нисфшон-250 нафар сокини Душанбеянд.
Убайдулло Раҷабов дар ҳузури раиси Душанбе пешниҳод кардааст, ки барои ин афрод дар чор навоҳии пойтахт ошхона ташкил карда шавад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар посух ба ҳунарманди шинохтаи тоҷик ба масъулин дастур додааст, ки ҳузури гадоёнро дар пойтахт мониторинг кунанд ва масъалаи ташили ошхонаро низ мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |