АКС: Ашраф Ғанӣ барандаи интихобот эълон шуд (НАВШУДА)

Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар эълон кард. Аҳмадюсуфи Нуристонӣ, раҳбари ин ниҳод бидуни ифшои натиҷаи овоздиҳии даври дувум гуфт, натиҷаро дар ихтиёри ҳарду номзад - доктор Абдуллоҳ ва Аҳмадзай гузоштааст. Ба қавли оқои Нуристонӣ натиҷаҳо баъдан нашр хоҳанд шуд.
Имзои тавофуқномаи чорсаҳифаӣ миёни Абдуллоҳ ва Аҳмадзай
Доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 21 сентябр дар Арг ё Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон зери тавофуқномаи ташкили давлати ваҳдати миллӣ имзо гузоштанд. Бар асоси ин санад, ки иборат аз чор саҳифа аст, оқои Аҳмадзай ба унвони райиси ҷумҳур эълон шуда, доктор Абдуллоҳ симмати раёсати иҷроиро дар ихтиёр хоҳад дошт. Ин тавофуқнома сиёсӣ аз ҳафт бахш иборат аст. Бар асоси бахши дувуми тавофуқнома, райиси ҷумҳур раёсати кобинаро бар уҳда хоҳад дошт. Тибқи таърифи ин санад, кобина аз райиси ҷумҳур, муовинони ӯ, садри аъзами иҷроӣ, муовинони садри аъзами иҷроӣ, мушовири аршади райиси ҷумҳур ва вазирон иборат аст. Ин бахш аз тавофуқнома, раёсати шӯрои вазиронро ба уҳдаи райиси иҷроӣ гузоштааст. Шӯрои вазирон шомили вазирон ва мутамоиз аз кабина аст. Райиси иҷроӣ маҷолиси фаръии кобинаро ба уҳда хоҳад дошт.
Аз ин тавофуқи сиёсӣ бисёре аз чеҳраҳои саршиноси Афғонистон, бо шумули Ато Муҳаммади Нур, волии Балх ва аз пуштибонҳои аслии Абдуллоҳ Абдуллоҳ истиқбол кардаанд. Намояндаҳои бархе кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳам аз ин тавофуқ изҳори хушнудӣ карданд. Ҳомид Карзай, райиси ҷумҳури феълии Афғонистон зимни суханронӣ дар расми имзои тавофуқнома гуфт, "Худованд ба шумо, ҳар ду бародар, комёбӣ насиб кунад, саодат насиб кунад, то шумо шабу рӯз дар хидмати миллати Афғонистон бошед ва корҳое, ки аз мо нашуд ва боқӣ монд, онҳоро шумо анҷом бидиҳед ва такмил кунед то мо орому хушҳол зиндагии худро пеш бибарем".
Дирӯз бархе расонаҳои Афғонистон навиштанд, ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ қабул кардааст, вазифаи раёсатҷумҳуриро Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва вазифаи раёсати иҷроӣ (сарвазирӣ)-ро худи ӯ соҳиб шаванд. Рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и чопи Афғонистон аз забони мақоми баландпояи тими интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ин хабарро нашр кард. Дар ҳамин ҳол гуфта шуд, бархе ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ иддао доранд ӯ мисли интихоботи гузаштаи раёсатҷумҳурӣ бар ивази дарёфти маблағ ба ин тавофуқ розӣ шудааст.
Доктор Абдуллоҳ дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки 5 апрел баргузор шуд 45 дар сад ва рақиби ӯ Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 31 дар сади раъйи интихобкунандаҳоро соҳиб шуданд. Аммо Комиссияи мустақили интихоботии давлати исломӣ гуфт, дар даври дувум, ки моҳи июн сурат гирифт, Аҳмадзай бо касби 56 дар сади овозҳо баранда шудааст. Ба дунбол тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ комиссияи интихоботро дар тақаллуб муттаҳам кард. Бо ташаннуҷи авзоъ, Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон барои бозшумории раъйи мардум бо ширкати нозирони байналмилалӣ розӣ шуд.
НУСХАИ ТАВОФУҚНОМАИ СИЁСӢ
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |