(АКС) Ҳуввияти донишҷӯёни фавтида дар сӯхтори Қӯрғонтеппа маълум шуд

Бар асари сӯхтор дар корхонаи тавлиди гӯшту ҳасиби шаҳри Қӯрғонтеппа ду донишҷӯ-Неъматулло Ҳусейнов ва Муддасири Рауф ба ҳалокат расидаанд.
Хоҷибӣ Каримова, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав ба "Озодагон" гуфт, ин донишҷӯён дар соли дувум таҳсил мекарданд: "Неъматулло Ҳесейнов аз Вахш буд ва дар факултаи физика ва математика мехонд. Муддасири Рауф бошад, дар факултаи филология таҳсил мекард ва аз ноҳияи Қумсангир буд".
Оташсӯзӣ дар корхонаи тавлиди гӯшту ҳасиб шаби 19 ба 20 сентябр сар задааст. Кормандони идораи оташнишонии шаҳр ба хабарнигори "Озодагон", ки дар ҷои ҳодиса қарор дошт, гуфтаанд, ҷасадҳо комилан сӯхта ва мушаххас кардани ҳуввияти онҳо мушкил аст. "Барои муайян кардани шахсияти онҳо ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав дархост фиристодем",-гуфт як масъули идораи оташнишонӣ.
Хабарнигори "Озодагон" мегӯяд, ин донишҷӯён баъди анҷоми дарсҳо дар донишгоҳ ба корхона омада ва онҷо кор мекардаанд. Ҷойи хобашон ҳам инҷо будааст.
Ҳоло сабабҳои сар задани сӯхтор маълум нест. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |