Таъхири тафтишот ва тамдиди ҳабси пешакии Шуҳрат Қудратов

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон мегӯяд, ба далели анҷом наёфтани тафтишоти парванда алайҳи Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси боздоштшудаи тоҷик, муҳлати ҳабси ӯ тамдид хоҳад шуд.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз ин ниҳод хабар дода, зикр карданд, ки Қудратов санаи 24-уми июл бо қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои 2 моҳ ҳабс шуда буд ва ин муҳлат ҳафтаи оянда ба охир расад: “Аммо то ҳол тафтишот ба охир нарасидааст ва ҳабси ӯ тамдид хоҳад шуд.”
Қаблан Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон қазияи боздошти Шӯҳрат Қудратовро шарҳ дода, афзуд, ки Қудратов дар додани пора муттаҳам шуда, алайҳи ӯ бар асоси моддаҳои 36 қисми 4; 32 қисми 3 ва 320 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз шудааст.
Дар иттилоияи ин ниҳод омадааст, Қудратов гӯиё ба хотири ҳалли як баҳси додгоҳӣ ба нафъи Амиралӣ Суламаев, зерҳимояи худ, ки дар тақаллубкорӣ айбдор мешавад, ба Шерзод Низомов додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гӯиё 2 ҳазору 500 доллар ҳамчун пора пешниҳод кардааст. Ба иттилои манбаъ, Қудратов ҳангоми гирифтани маблағ аз зерҳимояаш рӯзи 21 июли соли ҷорӣ дар назди ошхонаи “Шаҳризода”, воқеъ дар шафати бинои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз сӯи кормандони ин ниҳод боздошт шудааст.
Раҳматулло Зоиров, вакили мудофеӣ Шуҳрат Қудратов дар шарҳи боздошти зерҳимояаш бо 2500 доллар, ки гӯиё ба сифати пора ба додрас пешбинӣ шудаанд, таъкид намуда буд, ки ин “фантастика” аст. Қудратов шахси мансабдор нест, ки тибқи моддаҳои 319 ва 320 таъқиб шавад. Ин, кӣ гӯиё маблағҳо барои додани пора пешбинӣ шудаанд, як чизи исботнашаванда аст.”
Дар ҳамин ҳол Турабек Охунов, бародари Ҷурабек Охунов, раиси ширкати “Мовароуннаҳр” низ ахиран алайҳи Қудратов ба мақомот шикоят бурда, иддао кардааст, ки ин вакили дифоъ 10 ҳазор доллари хонаводаашро аз худ кардааст.
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиюми юридикӣ, ки аз ҳуқуқи Шӯҳрат Қудратов дифоъ мекунад, гуфт, рӯзи 21 август рӯбарӯкунии Тӯрабек Охунов бо нафари таҳти ҳимояташ сурат гирифтааст.
Зоиров мегӯяд, "ҳоло мақомот бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ, алайҳи Шӯҳрат Қудратов айбнома эълон кардаанд, ки асос надорад". Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, ҳангоми рӯбарӯкунӣ Шӯҳрат Қудратов иддаои Тӯрабек Охуновро дар бораи гирифтани даҳ ҳазор доллар рад карда, гуфтааст, ҳамагӣ барои бист моҳи ҳимояташ аз Ҷӯрабек Охунов 7 ҳазор доллар ҳаққи корашро гирифта буд, на бештар аз он.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |