"Озодагон" дубора тавассути "Билайн" дастрас шуд

Ширкати мобилии “Билайн” маҳдудияти дастрасии муштариёнаш ба сайти хабаргузории “Озодагон”-ро бартараф кард. Ин иқдом дар пайи шикояти зиёди муштариёни ширкати мазкур шоми 18 сентябри соли ҷорӣ гирифта шуд.
Ин дар ҳолест, ки пас аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли 2013 то кунун тавассути хизматрасонии ин ширкат вуруд ба бахши тоҷикӣ ва русии хабаргузорӣ номумкин буд.
Як масъули ширкати “Билайн”, ки номашро ифшо накард, дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” рӯзи 19 сентябр масдудияти бахши тоҷикии сомонаро таъйид карда, гуфта, буд, ҳоло ҳеч муштарии онҳо ба ин торнамо дастрасӣ надорад, “шояд министерство связи маҳкам карда бошад”. Аммо ӯ, аз шарҳи бештар худдорӣ карда изҳор дошт, беҳтар аст бо бахши равобити оммаи ширкат тамос бигирем.
Бархе муштариёни “Билайн” қаблан гуфта буданд, ки аснои ворид шудан ба торнамои “Озодагон” эълонеро аз номи ширкат мехонанд, ки "Сомонаи мазкур бо сабабҳои аз "Билайн" новобаста муваққатан дастнорас аст. Мо кушиш ба ҳарҷ дода истодаем, ки дастнорасии мазкур ҳарчи зудтар бартараф карда шавад".
Дастнорас шудани бахши тоҷикии торнамои “Озодагон” дар ҳолест, ки як рӯз қабл аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон, ки шашуми ноябри соли 2013 сурат пазируфт, бархе аз ширкатҳои мухобиротӣ бо шумули “Билайн” дастрасӣ ба бахшҳои тоҷикӣ ва русии хабаргузориро маҳдуд карданд. Бо гузашти чанд вақт бахши тоҷикии сомона дубора дастрас шуд, аммо бахши русӣ ҳамчунон масдуд боқӣ монд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |