Бахшҳо

Додситони Суғд: Пӯшидани либоси мардуми арабу покистониву эронӣ чӣ маънӣ дорад?

Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд аз фарҳанги либоспӯшии занон дар шимоли кишвар нигаронӣ карда, аз онҳо хостааст, ба либоси миллӣ таваҷҷуҳ намоянд.

Қурбонзода дар мулоқот бо раҳбарони макотиби олию миёна, мудирони шӯъбаҳои мақомоти маҳаллӣ, намояндагони уламои дини шаҳру вилоят, раисони маҳаллаҳои шаҳру шӯроҳои занон ва бибихотунҳои ин минтақа изҳор доштааст, занҳои тоҷик ҳоло аз фарҳанги либоспӯшии ниёкони худ рӯй гардонида, ба тақлиди мардуми арабу покистонӣ ва эронӣ пардохтаанд. Ӯ гуфтааст, “либоси миллии худро пушти по зада, либоси мардуми арабу покистониву эрониро ба бар кардани занону бонувони мо чӣ маънӣ дорад?”

Додситони вилояти Суғд дар идома аз бонувони ин минтақа даъват кардааст, ҳангоми интихоби сару либос фарҳанги ниёкони худро ба назар бигиранд: “Либоси тоҷикии мо чӣ нуқсон дорад? Ҳар давлату халқияту сохтор либоси махсуси худро дорад. Ва ба халқи тоҷик низ ниёкон либосҳои миллии худро ба мерос гузоштааст. Чаро таассуб ба либоси бегонагон мекунем? Амалҳои мо асосан аз урфу одат сарчашма мегиранд ва ҳуқуқҳои мо низ дар асоси урфу одат пайдо шудаанд”.

Ба дунбол, додситони вилояти Суғд фазои динии кишварро мусоид арзёбӣ карда, аз сокинон хостааст, тағйири мазҳаб накунанду зери ниқоби дин ба амалҳои ҷиноӣ даст назананд: “Дар ҳаққи дини мубини Ислом ва иҷозати давлат дар озодии виҷдон хизмати хирсона кардан нашояд. Дар қаламрави кишвар 4000 масҷид амал мекунад. Марҳамат, намоз хонед, рӯза гиред, ибодат кунед! Аммо ба мамлакатҳои ғайр пайравӣ накунед”.

Шариф Қурбонзода дар идома ба шарҳи сабабҳои даст задани шаҳрвандони кишвар ба худкӯшӣ пардохта, дар он бетаваҷҷуҳии раисони маҳаллаҳо ва сокинонро низ яке аз омилҳо донистааст: “Ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд омилҳои гуногун доранд, масалан бемории асаб, бемориҳои вазнин ва хушунати оилавӣ. Суоле пеш меояд, модоме 41% ба бемории асаб гирифтор будаанд, чаро дар ташхису рӯйхати табиб наистодаанд? Раисони кумитаҳои маҳаллаҳо чаро аз бемории сокинон ва хушунати оилавии онҳо бехабаранд? Шояд бетарафии ҳамсоягон чунин шаҳрвандонро ба худкушӣ мерасонад? Бояд фаъолияти занон, ҷавонон, калонсолони маҳалла пурзӯр карда шавад”.

Ӯ аз ҳолатҳои хариду фурӯши одамон низ дар қаламрави вилояти Суғд ёдовар шуда, гуфтааст, аз аввали соли ҷорӣ то кунун 19 ҷинояти хариду фурӯши инсон ба қайд гирифта шудааст: “Духтарону занони гумроҳро бо баҳонаи дарёфти кори серпул ба кишвари араб фиристода, бо ин васила маблағҳои калон ёфтани иддае боиси ташвиш ва нигаронии кормандони мақомоти ҳуқуқ ва ҷомеа гардидааст”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Гунчишкак хам бояд либоси худашро пушад...

e a kati hami prablematon mardm gshnagira murdestan tuboshi az kafoi satru muloho gashtesti mon 4izemepushan in farzi islom ast tura vazifat 4iyay ba mardum joikoru sharoiti xub muhayo kardan hato prizdentmonham digar gapi meguftani nadorad guyo hamai prablemahoro halkardaastu tanho hamin libospushi mondaast sari xudatona mexured ba in koraton

пуркурор
Аз башараш маълумай ки вазифаталошай, мегум чои Шерхона гирифтании чи, бехтараш сабабхои бесобикаи худкушии мардумро тахкик мекарди, ба фоидаи чомеа мешуд, бигзор танаи шортик ё фаранчи бигарданду заводу фабрика ё танку самолёт созанд, тура ректори пединститут мондан даркор.

Ба додситон ва ба хамаи онхое Ки мегуед ба либосхои арабхову эронихову покистонихо таклид накунед максади шумо хичоби исломи хаст, саволам чунин хаст: О чаро Ки Барои либоси еврапои дахонхоятона намекушоед чаро пеши рохи инора намегирен холо он Ки зарари либоси еврапои барои мо бисеертар мебошад ва дар ин хичоб хеч нохубие намебинем баракс чунин Буд либоси миллати точки,

ъабдуллох
Мебахшед чаноби Курбонзода агар шумо дар баробари ки гуфтед либоси давлатхои исломиро напушанд агар дар баробараш дар бораи либосхои урупои харф мезадед мо тарафдор будем дар фарханги либоспушии мо бисёртар хатар либосхои урупои дорад шумо чаноби курбонзода оё намедонед ки фарханги либоспушии мардуми точик чи тавр буд либосхои чакани кушоду руймоли сафед доштанд занхои точик хато то солхои хамин 1995 мардум либоси милли дошт аммо имрузхо кам нафароне ёфт мешаванд ки либоси миллиро риъоя кунанд ман хам бо шумо розиям ки ба чои он либосхои сиёх либосхои миллиро кушод духта бипушанду дар сар руймоли точики пушанд аммо он либосхое ки ба фарханги либоспушии мардуми мо зарар дорад ин либосхои урупои аст ки мебахшуд тамоми нозукихои занонаи ин духтарони точикро намоён мекунад

пава
мухтарам курбонзода ое либоси аврупои маъно дорад чаро либоси аврупои напушед намегуи Ходй,

Урток Курбонзода, аз наският сар карда, то галстуки турмуч бастагият моли кучост? Чохталаб!

ъабдуллох
мебахшед чумхурии Точикистон давлати демокроти аст чи гунае ки дигар занхо хак доранд ки либоси урупои пушанд дигар занхо низ хакки констутутсионии онхост ки чи гуна либосе ки хоханд пушанд хох либоси араби хох либоси ерони инхо низ хак доранд зеро давлати демокроти аст ман намедонам ки шумо оё мафхуми демократияро мефахмед ё не

Пойтахт 90
Чаро, ки барои либоси еврапои дахонхоятона намекушоед........!!!!

Хамин Курбонзодаатон моддаи якуми Конститутцияи Точикистонро медонад ё не?! Боз у прокурор будааст. Хайфи чунин прокурор. Мансабро паст задетон. Аз кучаруби понгозй дида фахмишаш пасте.

Ана ба шумо "ДЕМОКРАТИЯ" ёбу гир. Мумкин фардо гуянд,ки либосхои тахпуш хам напушед,ин ба либоси миллии мо хос нест!
Агар хохиши либоси милли пушидани занхо мешуданд,аввал бояд шабакахои телевизионии давлатиро тавсия медоданд, чунки шабакахои моро дар чахон тамошо карданашон мумкин ва ин симои миллии мо точикон мешуд.
Бигузор пушидани либос бо хохишу хоси хар фард бошад.Барои занхои точик либоси милли аз либосхои тагу нимурёни аврупои дида шинаму хубтар аст. Хуб мешуд,ки дар бораи либосхои аврупои пушидани занхои точикхам зърод мегирифтанд,чунки онхам аз бегонагон ба мо омадааст.
Агар занхои бо сатру ва бо иффат дар чомеаи мо зиёдтар мешуд, дар оянда миллати мо бо тарбияву бо маърифат мешуд ва хело проблемахои рузмарра (тарбиявии) халли худро меёфт. Барои миллатро нест кардан, аввал занхояшро (ки тавлидкунандаи миллат хастанд) бояд сархуй кунанд ва суннатхои миллиро аз байн бардоранд.Бо хамин восита дар ояндаи надик миллат аз байн меравад.Мо мардуми мусалмон хамеша аз урфу одатхои миллии худ дури начуем ва чуноне,ки устод Турсунзода хуб баён кардааст: РАСМИ ХУБИ ТОЧИКОРО ГУМ МАКУН...

Пистаи бемагз агар лаб во кунад, расво шавад. Гуфтааст як буфетчик-прокурор.

Прокурор ба назорати ичроиши конун сару кор дорад на ба либоспушии занон. Агар ин либоспуши конунро вайрон карда бошад, мархамат дахолат кунад. Вале чун конун вайрон нашудааст, ин суханонро гуфтан чоиз нест. Баръакс, прокуро хамчун хомии конун бояд гуяд, ки хакки хар инсон аст, ки чи хел либос мепушад ва касе набояд дахолат кунад. Худаш мархамат ба ниёгон таклид карда салла пушад ахсан мегуем.

прокурор
Як бор чукур фикр кунед чаноби прокурор, наход аз мини ёбкаву куртахои нимурёни аврупои ин либосхои мегуфтаи ту гайрикабул бошад. Чиноятхои ошкорнашударо бехтараш мекушоди ба сару либос чи кор дори. Хаст Кумита занхо бигузор сари онхо дар ин масъала дард кунад.

умар
Ришхои мардхоро тарошидет лекин илтимос ба номуси мардум яъне зану духтархояшон дастдарози накунед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)