Бахшҳо

Убайдуллоев "зиреҳпӯшаш"-ро гузошта, дучархасаворӣ мекунад?

Темур Идрисов, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик бо ирсоли номаи боз унвони Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳдори Душанбе, хостори таҷлили рӯзи ҷаҳонии дучархасаворӣ дар пойтахт шудааст.

Дар ин номаи Идрисов ба шаҳрдории Душанбе аз ҷумла омадааст, “ҳамасола 22 сентябр аз сӯйи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мансабдорони давлатии бархе кишварҳои ҷаҳон рӯзи бидуни мошин ҷашн гирифта мешавад, то ба ҳама паём бидиҳанд, ки шаҳру маҳаллаҳо барои мардум сохта шудаанд, на мошинҳо”.

Ӯ дар идома аз афзоиши шумораи нақлиёт дар Душанбе нигаронӣ карда гуфтааст, ин раванд боиси зиёд шудани садамаҳои нақлиётиву банд шудани роҳҳо ва табдил ёфтани майдончаҳои бозии кӯдакон ба таваққуфгоҳи мошинҳо гардидааст: “Майдончаҳое ки бояд макони истироҳату бозии кӯдакон бошанд, ба таваққуфгоҳ табдил ёфтаанд, ки симои шаҳрро ба тарафи манфӣ нишон медиҳад. Аз ин рӯ, дучарха беҳтарин ҷойгузин барои мошинҳо дар як шаҳри хурд мебошад. Пойтахт метавонад, барои дучархасаворон як шаҳри хубе шавад. Вале мутаассифона мушкили дигар ин аст, ки дар Душанбе шароити одӣ барои дучархасаворон дида намешаваду хатарҳоеро низ дар пай дорад”.

Ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идомаи номаи худ менависад: “Мақомоти маҳаллӣ ба ин чиз аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе ягон тавақуфгоҳ ё таъмири дучарха дида намешавад ва ҳатто мо барои дучархасаворӣ роҳ ҳам надорем. Ман ҳамчун як сокини пойтахт бисёр мехоҳам дар як шаҳри озоду озода ва ҷомеаи солиму бехатар зиндагӣ кунам. Бидуни шак фароҳам овардани шароити аввалия барои дучархасаворӣ метавонад, шумораи нақлиётро дар Душанбе поин барад”.

Ин даъват дар ҳолест, ки 20 ва 21 сентябр дар Душанбе ҷашнвораи дучархасаворӣ баргузор мешавад. Дар ҷашнвора намоишгоҳи дучархаҳо, мусобиқаи дучархаронӣ миёни кӯдакон ва калонсолон ва барномаҳои фарҳангиву дилхушкунанда дар назар аст. Инчунин, дучархаронҳои ҳирфаӣ маҳорати худро ба намоиш мегузоранд. Суҳроб Раупов, менеҷери лоиҳаи “Идораи дурусти нақлиёт дар шаҳри Душанбе”-и Хазинаи ҳифзи муҳити зисти СММ, ки ҳамроҳ бо Федератсияи варзиши дучархаронӣ, яке аз ташаббускорони ин чорабинӣ аст, мегӯяд, “ташвиқи варзиши дучархаронӣ ва тарғиби тарзи солими зист аз ҳадафҳои аслии ин чорабинӣ мебошад”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
405
На самом деле такое количество автомашин еще никогда не было в столице.Дороги не рассчитан на такое количество автомашин,пока не поздно мэру предпринимать меры а то потом невозможно будет контролировать.А в экологическом плане уже давно все допустимые меры превышен невозможно дышать.Везде ставят свои автомашин нет культуры парковки пора сделать платные автостоянки в центре города и не допускать иногородние авто.По ночь ям сигналят на улицах после работы невозможно отдыхать.

озод
Ана ин сарлавхат зур на як Убайдуллоев дигар мансабдорон низ мошинхои гаронарзишонро гузошта ду чарха савори мекунанд ми? не ба холат механданд ба ин даъватат ин гуна мошинсаворхо

Darvesh
.....Суҳроб Раупов, менеҷери лоиҳаи “Идораи дурусти нақлиёт дар шаҳри Душанбе”-и Хазинаи ҳифзи муҳити зисти СММ, ки ҳамроҳ бо Федератсияи варзиши дучархаронӣ, яке аз ташаббускорони ин чорабинӣ аст, мегӯяд, “ташвиқи варзиши дучархаронӣ ва тарғиби тарзи солими зист аз ҳадафҳои аслии ин чорабинӣ мебошад”.
In jo aniq ki shumoyon sumi proektro megiren mekhurend va hama chizro faromush mekunen!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)