Даъвати Сайид Акбар барои ҷилавгирӣ аз сафари тоҷикон ба Сурия
Домулло Сайид Акбар, муовини муфтии Тоҷикистон, имрӯз, 19-уми сентябр дар намози рӯзи ҷумъа аз сокинони кишвар хост, аз сафари фарзандонашон ба Сурия ва дигар кишварҳои даргири Шарқи Наздик ҷилавгирӣ кунанд.
Сайид Акбар бо такя ба иттилои мақомоти тоҷик гуфт, имрӯз беш аз 500 тоҷик дар ҷангҳои хориҷ, аз ҷумла Сурия иштирок доранд. Ӯ дар хитоб ба ҷавонон афзуд, “Сурия наравед, дарҳои донишгоҳҳою макотиб кушоданд, таълим гиреду ин сулҳу субботро ҳифз кунед.”
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузаштаи 18-уми сентябр дар мулоқот бо фаъолони Ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ ҷангҷӯёни тоҷикро як таҳдид ба амнияту суббот хонда, ҳушдор дод, ки баъди бозгашт онҳо метавонанд, як омили нооромкунандаи вазъ бошанд. Ба гуфтаи раисиҷумҳур то имрӯз танҳо дар Сурия ҳудуди 30 шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохтаанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз аъзои ҳизби ҳоким даъват намуд, ки холигиҳои фазои сиёсии кишварро пур созанд, то гуруҳҳои ифротӣ, ба монанди ДИИШ роҳ наёбанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |