Ҷашнвораи дучархасаворӣ дар шаҳри Душанбе
Тайи ду рӯз пойтахти Тоҷикистон мизмони ҷашнвораи дучархаронӣ мешавад.
Ин чорабинӣ 20 сентябр бахшида ба “рӯзи таваллуд”-и дучарха дар варзишгоҳи “Динамо”-и ВКД, собиқ Спартак шурӯъ гардида, 21 сентябр идома меёбад.
Суҳроб Раупов, менеҷери лоиҳаи “Идораи дурусти нақлиёт дар шаҳри Душанбе”-и Хазинаи ҳифзи муҳити зисти СММ, ки ҳамроҳ бо Федератсияи варзиши дучархаронӣ, яке аз ташаббускорони ин чорабинӣ аст, мегӯяд, “ташвиқи варзиши дучархаронӣ ва тарғиби тарзи солими зист аз ҳадафҳои аслии ин чорабинӣ мебошад”.
Дар ҷашнвора намоишгоҳи дучархаҳо, мусобиқаи дучархаронӣ миёни кӯдакон ва калонсолон ва барномаҳои фарҳангиву дилхушкунанда дар назар аст. Инчунин, дучархаронҳои ҳирфаӣ маҳорати худро ба намоиш мегузоранд.
Ринат Батиршин, президент Федератсияи варзиши дучархаронӣ мегӯяд, ҳамаи хоҳишмандон ҳаққи иштирок дар мусобиқотро доранд. “Сабқати дучархаронӣ миёни кӯдакон барои аз 7 то 15 солаҳо дар назар гирифта шудааст ва 20 сентябр дар “Спартак” баргузор мешавад. Барои аз 16-солаҳо боло бошад, 21 сентябр аз майдони Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, то Хоҷа Оби Гарм тул мекашад”,-меафзояд ӯ. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |