Истаравшанӣ: Ҳамсари фавтидаам дар зиндони Тошканд гуноҳе надошт!
Сайидюнуси Истаравшанӣ, донишманди тоҷик ва масъули торнамои «Кимиёи саодат» дар ҳаққи ҳамсари худ, Нилуфар Раҳимҷоноваи 37-сола, духтари домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ, ки 13-уми сентябр дар зиндони мавсум ба "Зангиота"-и Тошканд фавтидааст, сӯгнома нашр карда, ҳабси ӯро бедодии низоми худкомаи Ислом Каримов хондааст.
Истаравшанӣ дар сӯги ҳамсараш, ки соли 2011 ба манзури иштирок дар тӯйи арӯсии бародараш Муҳаммадиқбол ба пойтахти Узбакистон рафтаасту бо ҷурми убури ғайриқонунии марз боздошт ва баъдан ба иттиҳоми "терроризм" ба 10 соли зиндон маҳкум шуд, изҳор медорад, ки гуноҳе надошт. Истаравшанӣ менависад, танҳо ҷурми ту ин буд, ки ҳамсари ман ва духтари падарат ҳастӣ!
Истаравшанӣ дар сӯгномааш барои Нилуфар Раҳимҷонова, ки 4 фарзанд доранд, зиндагии якҷоя ва фироқашонро чунин тасвир намудааст:
Ту ҳама чизам будӣ... ҳамроҳи танҳоиҳоям, ҳамёри корҳоям, ҳамсангари пайкорҳоям, ҳамрози ногуфтаҳоям... Ҳамроҳӣ бо ман, бо ин ки бароят он ҳама душвориҳо ва сахтиҳо ва балоҳо ба дунбол дошт, вале ҳаргиз ба ман “уф” нагуфтӣ, “хаста шудам” нагуфтӣ...
Ҳанӯз, ки наварӯс будӣ ва мисли ҳар наварӯсе орзуҳо ва умедҳое бар сар доштӣ, аммо номулойимии рӯзгор шавҳаратро ба ҳиҷрат ба Доғистон кашонд, аз он ҷо ба Озарбойҷон ва аз он ҷо ба Эрон ва сипас ба Сурия... Дар тамомии он, ӯро ҳамроҳӣ кардӣ ва ҳаргиз ба рухаш накашидӣ, ки намехоҳӣ ӯро ҳамроҳӣ бикунӣ... Гуфтӣ, ҳамраҳат ҳастам ва шарики сахтиҳоят хоҳам буд...
Ҳаргиз дида нашуд, ки чизе аз шавҳарат хоста бошӣ; на тилло аз ӯ хостӣ ва на зевар... Вақте дидӣ, шавҳаратро дар роҳи дарсашу корашу таҳсилоташ дар Сурия, сахтиҳо ва душвориҳо ва бепулиҳо ва надориҳо қарин шудааст, бе ин ки чизе ба рухи ӯ бикашӣ, рафтӣ ва кор кардӣ ва заҳмат кашидӣ ва ӯро кӯмак кардӣ... Ҳаргиз ба шавҳарат нагуфтӣ, ки ман ҳам мехоҳам дар як манзили доимӣ ва собит зиндагӣ бикунам, на иҷоранишин боре дар ин кишвар ва боре ҳам дар он кишвар... Ҳамаро таҳаммул мекардӣ ва ҷуз бо лабҳои ханда ҳамсаратро рӯ ба рӯ намешудӣ...
Ман инро қабул дорам, ки бароят вақт кам мегузоштам, ҳамвора машғули кораму дарсаму баҳсаму фаъолиятҳоям будам, аммо ба ман чизе намегуфтӣ, ба ҷойи шикоят, ибрози ризоят мекардӣ, барои шавҳарат қаҳва омода мекардӣ ва бо лабҳои хандон пешаш мегузоштӣ ва мегуфтӣ: Ҷиҳоди ман ҳамин аст!..
Ҳоло, ки нестӣ, бароям воҷиб аст, ки ошкор кунам. Ман ҳамеша ғибтаи туро мехӯрдам; дар зебогии ибодатҳоят, дар шеваи намозгузориҳоят, дар самимияти дуоҳоят... Шабҳо баланд мешудӣ ва намоз мехондӣ ва дуо мекардӣ. Ҳамвора ғибтаи туро мехӯрдам, ки кош мисли ту ибодат мекардам ва мисли ту дуо!
Ту бароям чаҳор фарзанде мисли гул зойидӣ ва дар тарбияташон кӯтоҳӣ накардӣ... Инҳо ҳам мисли худат вафодор ҳастанд, боъотифа, меҳрубон ва дӯстдоштанӣ... Мехостам, дар ҷашни арӯсии Ҳанифахон дар канори ӯ бошӣ! Сайидмуҳаммадалӣ мошоаллоҳ бузург шудааст ва машғули таҳсил аст ва мисли ту кӯшо! Дар кӯмак ба падараш, лаҳзае кӯтоҳӣ намекунад. Сайидаббос ва Сайидмуҳаммадсодиқ ҳам, ҳар ду мадрасахон ҳастанд ва пешсаф. Саъй кардам, набуди туро эҳсос накунанд, аммо медидам, чашмонашон дар интизори роҳи ту буданд; ки кай меояд модарамон! Инҳо ҳам мисли худат чизе ба рухам намекашиданд, ҳамеша механдиданд, аммо медонистам, дилашон пур аст! Магар метавонад чизе ва ё касе, ҷойи модарро бигирад!
Медонам, ки дар пайкори отифа бо ақлу хирад, ҳамеша пирӯзӣ ва ғалаба насиби отифа аст, хусусан барои як зан; отифа ва эҳсосе, ки нагузошт бифаҳмӣ, ки паёмади ин коре, ки ба он иқдом кардӣ, чӣ балое ба сарат ва сари ман хоҳад овард! Гуфтам, нарав ба Тошканд, ки низом ва режими мустабидд ва худкома ва бераҳми ин кишвар, бо шавҳарат ва падарат шӯхӣ надорад! Аммо гӯш накардӣ! Меҳри хоҳарӣ ва отифа ва эҳсоси покат нисбат ба бародар, мегуфт, бояд дар арӯсии ӯ ҳузур дошта бошӣ, ҳарчанд ақл ва хирад монеъи ту аз ин сафар буд. Аммо саранҷом отифа бар дурандешӣ чира гардид ва роҳии ин кишвар шудӣ!
Аз замоне ки туро боздошт карданд ва бароят додгоҳ ташкил ва бо он тӯҳмат ва иттиҳоми кизб ва дурӯғин ба зиндон афканданд, лаҳзае ором нанишастам. Ибтидо ва ҳангоми додгоҳ, аз Мулло Ботур хостам, бароят вакил бигирад, вале ӯро ҳам боздошт карданд; ба ин ҷурм, ки чӣ касе туро маъмур ба ин кор карда?! Медонистам, танҳо ҷурми ту чӣ буд?! Инки ту ҳамсари ман ва духтари падарат ҳастӣ!
Дар посух ба номае, ки ба додгоҳи ин кишвар навишта будам, аз ман хостанд, ки фақат се сол сабр кунам ва чизе ба касе нагӯям ва корро расонаӣ накунам, ки бо афви “раисиҷумҳур” туро озод хоҳанд кард! Бовар кардам ва лаб фурӯ бастам, фақат ба ин умед, ки туро бибинам!.. Худо медонад, ки ин сукут ва ин лаб фурӯ бастанам дар ин муддат, бароям чӣ сахт ва душвор буд! Нокасон таънаам мезаданд ва ҳатто бо эҷоди ашъор, санги маломат ба сӯям партоб мекарданд, вале ҳамонанди мавлоям Алӣ, “сабр кардам, дар ҳоле ки гӯё хор дар чашм ва устухон дар гулӯям буд.”
Ҳафтаи пеш хоб дидам ва пеши худам онро ба фоли нек гирифтам. Дидам, ту бо либосе арӯсӣ ва сапед, ҳамроҳи падарат меойӣ ба пеши ман, дар лабҳоят ханда буд ва ман ҳам аз хушҳолӣ гиря мекардам; гӯйӣ рӯзи арӯсии ман бо туст! Пеши худам, чунин таъбир кардам, ки ту озод шудаӣ!
Ҳамон лаҳза ба Ако Усмон занг задам ва аз ӯ хостам, суроғи бародарат биравад ва бифаҳмад, ки оё хабаре ҳаст?! Ако Усмон ҳам ду се бор ба дари манзили бародарат одам фиристод, вале касе набудааст; ки албатта ин хабар ҳам бар хушҳолиям афзуд, ки ҳатман азизи ман озод шудааст ва бародарат рафта ба истиқболи ту!
Вале намедонистам, ки таъбири хобам чизе дигар будааст!
Намедонистам, ту бо либосе сапед ва арӯсӣ, на пеши шавҳарат, ки ба пеши Худоят меравӣ!
Намедонистам, ки ин хоб на озодиятро, ки шаҳодататро бароям ба армуғон меовардааст!
Аммо ба Худои воҳид савгандат медиҳам, ки аз ин пас, корам фақат мубориза ва пайкор бо режимҳои худкома ва диктотуре мисли режими хуношоми Каримов хоҳад буд, ки бе ҳеч ҷурме одамҳои бегуноҳро аз озодӣ маҳрум ва ба зиндон меафкананд! Тамоми талошам ин хоҳад буд, ки ҳеч бону ва зане дар зиндон набошад! Гуноҳи онон фақат ин аст ва танҳо ба ин ҷурм зиндонӣ шуда ва мешаванд, ки гуфтаанд: Худо яктост! Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |