Сайф САФАР, Рустам МАҶИД
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба хотири ҳифзи шаҳрвандони кишвар, ки ба Русия барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, метавонад корҳои назаррасе кунад. Ин ниҳод, дар ҷавоб ба тоссарони рус, метавонад тосманаҳҳо ё кусаҳоро омода кунад, то дар манотиқи гуногуни Русия бо рэкетҳои маҳаллӣ дар тавозун бошанд.
Алкапоне гуфта буд, ба осонӣ метавонад дунёро аз нопокҳо ва мушкилот тоза кунад, аммо Кодекси ҷиноӣ истифодаи теғро манъ кардааст. Аммо теғҳое ҳастанд, ки истифодаи онҳо на танҳо зидди ин кодекс нестанд, балки дар ҳақиқат ба ҳалли як қабза мушкилоти зери бинӣ мусоидат мекунанд.
Мушкили мардуми Тоҷикистон бештар аз шумори торҳои риши тамоми халқаш аст. Аммо, гуё бо тарошидани ҳар тори риши ришдорон як мушкил аз мушкилоти беҳисоби ин кишвар кам мегашта бошад, ки мақомот даст ба тарошидани риши шаҳрвандон мезананд. Агар дар воқеъ набуди риш илоҷи ҳамаи мушкилот бошад, ин маърака набояд дар нимароҳ монад. Ин масъаларо бояд дар сатҳи баланди мақомоти кишвар баррасӣ кард.
Чунин ба назар мерасад, ки Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон аллакай омӯзишҳо гузаронда, хулоса кардааст, ки риш воқеан ба рушди кишвар монеъа эҷод мекунад ва ҳар кас, ки риш метарошад, аз як қабза мушкилот раҳо мешавад. Ба тамоми мақомоти зидахл пешниҳод шуда аст дар доираи салоҳияти худ пеши роҳи ин офатро бигиранд.
Тибқи ин пешниҳод, Вазорати корҳои хориҷӣ алакай ба кори худ оғоз кардааст. Ин ниҳод тамоми равобити дипломатиро бо кишварҳое, ки дар онҳо риш мамнӯъ нест, кандааст. Ҳар нафаре, ки аз ин давлатҳо мехоҳад ба Тоҷикистон биёяд, бояд риши худро чаптарош кунад, ҳатто агар ин нафар рӯҳонии рақами аввали кишвараш бошад. Дар омади гап, чаро президенти Эрон қонуни кишвар ва пешниҳоди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистонро пушти по заду бо ришу фаши худ ба Тоҷикистон омад?! Ин ҳам дар ҳолест, ки масъули қабули Ҳасани Руҳонӣ вазири маорифи кишвар буд, ки корҳояш дар донишгоҳҳо дар ин замина ҳамеша муваффақ будаанд.
Дар иҷрои ин пешниҳод Вазорати тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тиббӣ ва Институти биологияи Академияи улуми кишвар ҳам талошҳое кардааст. Ин се ниҳод аз ҳисоби мутахассисон як гуруҳи илмӣ-тадқиқотӣ ташкил кардаанд ва сабабҳои паҳн шудани ин офатро дар минтақаҳои зарардида омӯхтаанд. Илова бар ин, аз ҳисоби ришгирони варзидаи Тоҷикистон комисияи корӣ таъсис шудааст, ки он роҳи муборизаро бар зидди ин “вабои аср” то андозае кашф намуда аст.
Соҳибони сартарошхонаҳо, ки дар ин кор собиқаи бештар доранд, зарари тайи чанд сол аз сабаби риш натарошидани табақаҳои мушаххаси мардум ба буҷаи Тоҷикистон расидаро ҳисоб кардаанд. Ба қавли эшон, агар даромад аз ин ҳисоб ба буҷа саривақт ворид мешуд, чархаи дуюми неругоҳи Роғун аллакай ба кор даромада буду нисфи муҳоҷирон дар “зовуд”-ҳои ватанӣ соҳиби кор мешуданд.
Парламент бояд тамоми соҳаи риштарошӣ, аз фурӯши “станок” гирифта то кори риштарошхонаҳоро аз ҳар гуна андоз озод намуда, сари содир кардани ин идея кор кунад. Форуми байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон дар моҳи октябри ҳамин сол метавонад қадами аввалин бошад, то бародари бузурги рус низ сирри ба мусолиҳа омадан бо ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва Украинаро донад.
Аслан, дар парлумон намунаи зиндаи мушкилоти риш вуҷуд дорад. Кофист намояндагони миллат сари манаҳи Сайидумар Ҳусайнӣ кор карда, бо мӯи он тамоми хароҷоти ин барномаро ҳисоб кунанд. Ворид шудани мошинҳисоб низ лозим намешавад ва боз як хати хароҷот дар буҷаи парлумон, дар баробари тугмачаҳои овоздиҳӣ, кам хоҳад буд. Ба ин риш мақоми хос дода, тарошидани онро манъ кунанд. Онро танҳо барои таҷрибаю санҷиш ва бо мақсадҳои ҳисобдорӣ ва илмӣ-амалӣ истифода кардан лозим аст.
Танҳо Маркази исломӣ ва Донишкадаи исломӣ мемонанд, ки ба амалисозии ин дурнамои рушди миллат ва бехатарии кишвар метавонанд халал расонанд. Ба хотири ба самти дуруст равона шудани мафкураи мардум, олимон дар ҳамдастӣ бо дастандаркорони ин дурнамо “версия”-и нави шариатро омода кунанд, ки ҳамонанди “Новый Завет”-и насронӣ, ҷои “Ветхий Завет”-и ба талаботи замон номувофиқро гирифта, депилятсияи ришро раво донад.
Вазорати мудофиа бояд риштарошии сарбозонро тарзе ба роҳ монад, ки тири душман аз рӯйи онҳо пас ҷиҳад. Агар Архимед аз ин технология огоҳ мебуд, барои ҳифзи Сиракуз занон ва оинаҳоро ба кор намегирифт.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба хотири ҳифзи шаҳрвандони кишвар, ки ба Русия барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, дар ин раванд метавонад корҳои назаррасе кунад. Ин ниҳод, дар ҷавоб ба тоссарони рус, метавонад тосманаҳҳо ё кусаҳоро омода кунад, то дар манотиқи гуногуни Русия бо рэкетҳои маҳаллӣ дар тавозун бошанд.
Дарси муҳоҷират, ки қаблан пешниҳод шуда буду мо ҷонибдории худро аз он эълон карда будем, дар ин росто айни муддаост. Дар маҷмӯъ, системаи омӯзиш дар раванди амалисозии дурнамои мазкур нақши калидӣ дорад. Маҳз Вазорати маориф ва илм метавонад корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, баромадани риши навҷавононро ҳанӯз дар синфи чор ё панҷ пешгирӣ намояд.
Ҷое шунида будем, ки кислотаи мурча, агар дар айёми навзодӣ ба бадани кӯдак молида шавад, дар макони молидашуда решаи мӯйро аз миён мебараду дар оянда ин кӯдак ҳаргиз риш нахоҳад баровард ва дар рӯяш доғи сиёҳи муйлаб, ин нишонаи бадтар аз ангушти шашум, ки обрӯи мардро аз фарш поинтар мекунад, пайдо нахоҳад шуд.
Аслан, дар ҷомеае, ки ба сӯйи баробарии гендерӣ ва баробарҳуқуқии зану мард талош дорад, доштани риш кори ғалат аст, чун фарқи миёни ҷинсҳоро нишон дода, пеши роҳи рушди демократияро мегирад. Дар омади гап, ҳамин авохир ИМА боз як пойгоҳи ришдорондо дар Ховари миёна ҳадафи бомба қарор додаанд. Эҳтиёт ними ҳаёт.
Гузашта аз ин мақомот дар Тоҷикистон бо ришдорон мушкил дошту дорад. Бо тарошидани риш ин проблема худ ба худ аз байн меравад. Чун дигар ришдоре ҳам боқӣ намемонаду мушкил ҳам.