Фавти ҷавони тоҷик баъди бозпурсӣ дар идораи пулис
Мақомоти Русия марги як муҳоҷири тоҷикро, ки дар пайи бозпурсӣ дар идораи пулиси Солнечногорски назди Маскав рух додааст, таҳқиқ мекунад.
Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии вилояти Маскав агар маълум шавад, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи латукӯб аз ҷониби афсарони пулис ба ҳалокат расидааст, алайҳи дастандаркорон парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ ин шаҳрванди тоҷик ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси як духтар дар Солнечногорск, ки бегоҳи 17-уми сентябр рух додааст, боздошт гардидааст. Аммо шаби 17 ба 18-уми сентябр ба шуъбаи пулис кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ даъват карда шудаанд, ки марги ин муҳоҷирро сабт кардаанд. Ба иттилои манбаъ дар ҷасади муҳоҷири тоҷик пайи латукӯби шадид намудор буда, чанд устухонаш шикастаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |