Раҳмон дар бораи интихобот, давлати исломӣ ва камбудиҳои ҳизби ҳоким

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ хостори пешниҳоди бештари номзадҳои ҷавон ва занон дар интихоботи ояндаи парлумонӣ шудааст.
Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби халқӣ-демократӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 сентябр зимни суҳбатҳояш дар ҷаласаи Кумитаи марказии иҷроияи ҲХДТ дар пайи таҳлили натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2010 ва интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 ба масъулини ҳизби ҳоким дастур додааст, дар ҳавзаҳое, ки овози камтари мардумро гирифтаанд, корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ пурзӯр гарданд.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостааст, аъзои ҳизбаш дар Душанбе фаъолтар шаванд, чун маҳз дар Душанбе аҳзоб ва нерӯҳои алоҳидаи сиёсӣ талош доранд, нуфузро ба даст биёранд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба талошҳои ташкили давлати исломӣ, аз ҷумла Шому Ироқ дахл карда, таъкид намудааст, бояд фазои холии сиёсӣ дар кишвар пур гардад, то чунин гуруҳҳо роҳ наёбанд. Аз ҷумла иштироки беш аз 200 ҷангии тоҷик дар ҷангҳои хориҷӣ зикр шудааст, ки баъди баргаштан метавонанд, омили нооромкунандаи вазъ дар Тоҷикистон бошанд.
Дар ҷаласаи Кумитаи марказии иҷроияи ҲХДТ эълон шуда, ки Анҷумани ҳизб 13 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Интизор меравад, дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки охирҳои моҳи феврали соли оянда дар назар аст, ҳизби ҳоким 69 номзад пешниҳод намояд. Бино ба иттилои расмӣ, Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ҳудуди 250 ҳазор аъзо дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |