Бибирокияи АБДУЛЛОҲ
Дар чор соли ахир беш аз 30 ҷавони деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён бо далели шомил будан бо созмони “Ҳаракати исломии Узбакистон” (ҲИУ) равонаи зиндон шудаанд.
Қизилнишон дар ҷамоати деҳоти “20 солагии Истиқлол”-и ноҳияи Қубодиён воқеъ буда, чандон рустои бузург нест, аммо аз ин ҷо чандин нафар пой бар арсаи тундгароии мазҳабӣ гузошта ва бо ҷунбишҳои ситезаҷӯ ҳамдастӣ кардаанд. Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, 10 нафар аз ҷавонони деҳа бо гумони ҳамкорӣ бо “Ҳаракати исломии Узбакистон” мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор доранд. Бино бар фарзияи додситонӣ, ин ҷавонон дар Покистону Афғонистон таълими террористӣ гирифта, феълан дар Русия ба сар мебаранд.
Барои пешгирӣ аз ҷалб шудани ҷавонон ба ҳаракатҳои тундгаро ҳукумати ноҳияи Қубодиён соле пеш тарҳеро роҳандозӣ кард, ки аз даҳҳо барномаи фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонону наврасони деҳа иборат аст. Аммо гуфта мешавад, тасмими ҷиддӣ барои ҷилавгирии ҷавонон аз пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ таъмини онҳо бо ҷойи кор аст. Теъдоди ҷавонони деҳа марзи 600-ро убур мекунад ва мақомот бо харҷи 150 ҳазор сомонӣ корхонаҳои хурди тавлидотӣ бунёд кардаанд.
Ҳукумати маҳаллӣ муътақид аст, бо пайдо шудани ҷойи кору дарёфти маблағ ва ҷалби ҷавонон ба намудҳои варзиш онҳо аз пайвастан ба аҳзоби мамнӯъ, назири “Ҳаракати исломии Узбакистон”, худдорӣ хоҳанд кард. Аммо Фаридун Алиев, сокини ноҳия, ки дар шаҳри Санкт–Петербурги Русия муваққатан кору зиндагӣ мекунад, мегӯяд, надоштани ҷойи кори доимӣ сабаби шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро намешавад. Ба андешаи ӯ, ба гуруҳҳои террористӣ танҳо ҷавононе шомил мешаванд, ки иродаи мустаҳкам ва саводи кофӣ надоранд: “Одами боақл ҳеч гоҳ ба ин роҳ намеравад. Нафароне ба чунин созмону ҳаракатҳо шомил мешаванд, ки муҳиташон созгор нест, дар оилаҳои носолиму бесавод калон шудаанд. Марди баномус медонад, ки вазифаш як ҷойро обод кардан аст. Кафондану як хонаводаро ғамдор кардан нишонаи мардӣ нест”.
Мақомот мегӯянд, меҳмонҳои деҳаро зери назорати пайваста қарор медиҳанд ва волидони афродеро, ки ба сафар мераванд, бозпурсӣ мекунанд.
Ҳарамгул, номи шартии як, модарест, ки гумон меравад, фарзандаш узви гуруҳи тундрав шудааст. Вай мегӯяд, намедонад, писараш куҷост ва чӣ мекунад, вале аз мақомот талаб дорад, ӯро баргардонанд: “Нони хӯрдане надоштам ва фарзандам мактаб намехонд, вале асло намехостам, ки писарам аз ман дур бошад. Намехостам, ки фарзандам террорист шавад. Худамро як модари бадбахт ҳис мекунам ва хоҳиш дорам, фарзандамро ба наздам биёранд”.
Неъматулло Маҳмадсаидов, омӯзгори мактаби №24 аз деҳаи Қизилнишон мегӯяд, чанд шогирдаш бо иттиҳоми ҳамдастӣ ба “Ҳаракати исломии Узбакистон” боздошт шудааст ва ҳоло шогирдони дигараш ҷустуҷӯ мешаванд: “Аз беруни деҳа ба деҳаи мо таъсире расид, ки яқ қисми ҷавонон каме тағйир ёфтанд. Ҳарчанд, мубориза бурдем, вале ҷавонон дар вақти намоз садои баланд доштанд ва пойҳояшонро аз ҳам дур мегирифтанд. Ин таъсир аз Русия ба онҳо буд. Падару модар, сокинони деҳа мубориза бурданд, вале ҳоло ҷавонони дигаре аз деҳа рафтаанд”.
Мақомот аз зикри ному насаби даҳ нафаре, ки ҳоло дар ҷустуҷӯ ҳастанд, ба хотири халал наёфтани тафтишот худдорӣ мекунад, вале Шоҳзод Қодиров, як масъули идораи маориф ва илми ноҳияи Қубодиён гуфт, пайвастани ҷавонон ва хатмкардаҳои мактаб онҳоро нигарон кардааст. Ҷаноби Қодиров руҳониёни деҳаро дар ин кор муқассир медонад: “Инҷо пура мардумаш узбактабор ҳастанд, ки бештар руҳонӣ ё гӯем “фанатик”- анд. Таъсири мардум аст, ки онҳо ба роҳи бад мераванд. Онҳоро барои ватандӯстӣ даъват мекунем, аммо дар ин мактаб шароит душвор аст”.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати ноҳияи Қубодиён мегӯяд, барои пешгирӣ аз тундгароии ҷавонон руҳониён ва имом-хатибони маҳаллиро ҳам ҷалб кардаанд, то дар масоҷид бо онҳо суҳбатҳо анҷом бидиҳанд.
Ашурали Эргашев, коршиноси хатлонӣ мегӯяд, ҷавонону наврасон аз ноогоҳӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, бахусус “Ҳаракати исломии Узбакистон” мепайванданд: “нафароне ки ба ҳизбу равияҳои мамнӯъ шомил мешаванд, дониши коста доранд.Ва онҳо аз илмҳои замонавӣ камтар огаҳанд ва гумон доранд, ягона илм - илми исломшиносист ва бештар ин нафарон фирефтаи онҳое мешаванд, ки худро фидоии Ислом мешуморанд”.
Мақомоти қудратии Хатлон мегӯянд, ҷавононе, ки аз деҳаи Қизилнишон бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо гуруҳи “Ҳаракати исломии Узбакистон” боздошт шудаанд, бо худ дар CD-ҳо барномаҳои махсуси таблиғотӣ доштаанд, ки бо пахши онҳо дигаронро барои пайвастан ба “Ҳаракати исломии Узбакистон” даъват мекардаанд.
Фаъолияти “Ҳаракати исломии Узбакистон” дар бештари кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон манъ шудааст.