Бахшҳо

Дарёфти 17 кило ҳероин аз "Кемрӣ"-и афсарони пулис дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду корманди ин ниҳод бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хабар додааст.

Гуфта мешавад, Ҷамолиддин Раҷабови 27-сола, нозири калони Гурӯҳи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил ва Далер Ғаюрови 28-сола, нозири Шӯъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии баталиёни Хадамоти “Муҳофиза” дар пай як амалиёт дар шаҳри Душанбе дастгир шудаанд.

Манбаъ мегӯяд, зимни азназаргузаронӣ аз автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, таҳти идораи Раҷабов, “аз дохили бағоҷи он, аз сумкаи варзишӣ, дар дохили бастаҳои селофанӣ, тақрибан 17 килограмм маводи нашъадори навъи ҳероин, дарёфт ва мусодира шуд”.

Бино ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Аслидин
Худашон чинояткоранду бо мардуми оддиро бо тухмату бухтон паси панчара мефиристанд

Шахрванд
Милиса либос дорад тамом дар асл кариб, хамаашон бе савод мебошанд ана хамин хел чиноятхода даст мезананд

Наим
99 фоизи милиса бесаводу дарди сари Точикистон, боз ин бадбахт кадрхоро тарбият мекардааст.

Абдуллох
Метарсам ки аз об хушк набароянд. Агар корманди вазорат чинояткор бошавой бар холи мардум

777
и ради галчкахай хаму мелесахохам ягон камбагалану мошиншонам аз хдшон нест бовар кнен

Тигр
Аз рохбар то коргари оддиаш ба хамин корхо машгуланд

албатта харифонашон хабар додаанд , агар не ки медонист ки дар дохилии мошини тоёта 17 килло бори тоза хаст? рузона дар шахр 10 хазор мошин харакат мекнад, танхо фолбин бояд буд то дони ки дар дохили кадомаш героину дохили каломаш бангу китоб дорад ! ба хаар хол кори хуб кардаанд, гарне пагох ё фардо дар фурудгохи Руссия боздошт мешуданд. ба нигохи омиёна 17 килло камаш 60 хазор доллар мешавад ё шояд бештар.хулоса бо ин кор танхо сарватмандон ва коркунони макомоти дахлдор метавонанд заниматся кунанд!!! камбагали кашшок кучову доллар кучо??!! камбагалон муътодону нашъамандонанд ки инхоро ботару масттар мекунанад!!!!

Шодмон
Мохи аз сараш буй мекунад мегуянд. хама касифиву порахуриву хиенату секс дар болост..сони ду муллои бечоарро мегирнад бо чалаби дигар ки инхо моли онхост поставит мекунанд..гуе дар боло хама покиза хастанд..

Шерлок Холмс
Ана кори хуб,дар вокеъ ин ниход ва худи агентии моддахои нашъаовар ба ин кор солиёни дароз машгуланд,муборизаро мукобили ин ниходхо ва тозакунии онхо бояд пурзур кунанд.Инхо мохихояшон астанд,нахангхояшон шояд тонна мебаранд.

нависанда
таассуб ин аст дарди чомеаи мо. кормандони одди орзуи мисли вазирон зиндаги кардан доранду баъзе афсарону хидматчиёни чавон хам мехоханд мошинхои пурдабдаба ва хонахои бохашамат дошта бошанд, вагарна дар сатхи ин ду нафар кору зиндаги мекардаги одам бояд фарзандоша дар чойхои хуб хононда шукри зиндаги мекарданд намешуд

By хероин сузонида мешавад ё не худи бор аллбатта сафарша идома метияд баъди тафтишоу судбозихо

Рахим-Душанбе
Осонтараш медонед,чи хел мешуд.Хамаи айбро ба гардани ягон бадахшони мемондеду......Кормандхои худатонро cафед мекардед.Дар шумо инсоф намондаст-ку.Одати(опыт) чандинсола доред.Хабс кардани одами бегунох бароятон хеч-чиз.

ыв
Рахим-Душанбе,

Бадахшонихоро аз наркобизнес выдавить карданд, майда чуйдахояш мондаанд. Хаммашро зери тасарруфи худ даровардан. Чое ки буи пул аст, он чо ба бегонагон нечего делать.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)