ВИДЕО: Тоҷикдухтари ҳиҷобпӯш: Дигар ин ҳамаро намешавад тоқат кард
Як бонуи ҳиҷобпӯши тоҷики муқими Русия бо нашри навори видеоие аз духтарони тоҷик даъват кардааст, ба фарҳанги бегонаҳо дода нашуда, иффату покдомании худро ҳифз кунанд.
Ӯ, ки аз худ ном набурда ва бо забони русӣ ҳарф мезанад, мегӯяд, бархе ҳамватанон ба корҳое даст мезананд, ки тамоми миллати тоҷик зери маломати бегонаҳо қарор мегирад. “Мондани аксҳои урёни хеш ва лаҳзаҳои ишқварзияшон бо бачаҳои бегона дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ маъно дошта бошад? Албатта, ҳар шахс ҳаққи интихобро дар зиндагӣ дорад, вале намоиш додани амалҳои худ аз номи духтари тоҷик ба ҷаҳониён чӣ лозим?”,-мепурсад вай.
Дар идома ин муҳоҷирдухтари тоҷик аз ҳамватанон даъват мекунад, аз тақлиди бегонаҳо парҳез намуда, ҳадди аққал аснои интихоби сару либос ба расму ойини гузаштаҳо аҳамият бидиҳанд: “Боре ба таърихи гузаштагони худ нигоҳе андозед, ки духтари тоҷик бояд чӣ гуна бошад. Магар зебогии фитрии духтари тоҷик кофӣ нест, ки ба бегонаҳо тақлид мекунем? Аз шумо касе намехоҳад рӯсарӣ ё ҳиҷоб пӯшеду тибқи фармудаи Худованд сатрро ба ҷо биёред, ҳадди аққал либоси миллиро риоя кунед. Худатон дарк намекунед, ки ҳар коре анҷом медиҳед, санги маломат ба сари миллати тоҷик мерезад. Шояд баъзе аз шумо маро масхара намуда, гӯед дигар кор надошта бошад?! Вале намефаҳмед, ки тамоми миллатро бо ин амалҳои худ шарманда мекунед”.
Дар ин муроҷиати видеоии худ, ки шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, ҳамчунин аз амалҳои духтарони тоҷик дар гӯшаву канори Русия интиқод намуда мегӯяд, обрӯи духтарони тоҷикистониро пойин бурдаанд. Ӯ аз чунин духтарон хоҳиш кардааст, вақте бар асоси расму ойини тоҷикон намехоҳанд зиндагӣ кунанд, пас тарки ному насаби тоҷикӣ намуда, худро Наташаю Елена ном гузоранд: “Агар ин ҳарфҳои ман боиси нороҳатии кадоме аз шумо шавад, қаблан узр мехоҳам ва ҳадафи ба иззати нафси касе расиданро надорам, танҳо мехоҳам, фаҳмед, ки дигар ин ҳамаро намешавад, тоқат кард. Бисёриҳои орзӯи зиндагӣ дар Тоҷикистонро доранд, вале шумо наметавонед дар Ватан низ шоиста зиндагӣ кунед. Агар худро фарзанди мусалмон меҳисобеду номусу шараф доред, аз ин амалҳои бад дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯй гардонед, чун ҳама моро онҷо масхара мекунанд”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |