Талаби Аброри Зоҳир барои оғози парванда алайҳи Исфандиёри Назар ва Назири Нусрат
Аброри Зоҳир, нависанда ва роҳбари Идораи фурӯши китоб ва паҳни матбуоти даврӣ аз додситонӣ хостааст, алайҳи Исфандиёри Назар, шоири шинохтаи тоҷик, корманди рӯзномаи “ИмрӯзNews” ва Назири Нусрат, сармуҳаррири ин нашрия парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.
Дар ин бора Исфандиёри Назар имрӯз, 18-уми сентябр баъди бозпурсияш дар додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд норозигии Аброри Зоҳир дар пайи нашри матлабе зери унвони “Даъво доранд: “Олами китоб” ҳабс карда шавад” ба вуҷуд омадааст. Ӯ иддао пеш гузоштааст, ки аз ҷумла алайҳи Исфандиёри Назар ва Назири Нусрат низ бо моддаҳои 245 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 316 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ кушода шавад, ки аввалӣ то 2 сол ва дуюмӣ то 4 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Ба гуфтаи Исфандиёри Назар дар ин матлаби баҳсбарангез сухан сари он меравад, ки корхонаи зертобеи Аброри Зоҳир аз соҳиби толори китобфурӯшии “Олами Китоб” Шоира Абдуллоева талаб кардааст, ҷойро холӣ кунад: “Абдуллоева аз он изҳори нигаронӣ кард, ки барои ин макон маблағи зиёд сарф кардааст ва маҳсулоти зиёдро харидорӣ намудааст ва акнун толори китобфурӯшӣ, ки як қисми мағозаи “Олами Китоб”-ро ташкил медиҳад, аз ӯ гирифтаниянд.”
Исфандиёри Назар афзуд, онҳо дар меҳвари матлаб дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро қарор доданд, ки зимни ифтитоҳи “Олами Китоб” супориш дода буд, ки дар қисмати аввали он толори китобфурӯшӣ ташкил карда шавад. Ба гуфтаи ин шоири тоҷик аз байн бурдани ин толор барои тамоми сокинони Душанбе як бохт хоҳад буд, "зеро имрӯз фурушгоҳҳои китоб набояд барҳам, балки бештар ва дар тамоми манотиқи кишвар бунёд гарданд."
Ин дар ҳолест, ки “ИмрӯзNews”, нахустин рӯзномаи мустақил дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон борҳо барои нашри матлабҳои интиқодӣ ба додгоҳ кашида шуд ва ҷаримабандӣ низ гардид. Гарчанде ба гуфтаи коршиносон ҳадафи ин баҳсҳои додгоҳӣ “шикасти рӯҳи ҳақиқатнигорӣ”-и рӯзнома аст, кормандони он аз чопи матолиби мубраму интиқодӣ даст накашидаанд.
Исфандиёри Назар, ки аз кормандони ин рӯзнома аст, ҳамчун шоири тавоно ҳам шинохта шудааст ва мавзӯъҳои доғи рӯзро дар қолаби шеър пайваста дар сафҳаи Фейсбукиаш нашр мекунад.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |