Кумитаи омор: Маош дар Тоҷикистон пасттарин дар ИДМ аст
Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар пайи таҳлили ҳаҷми маоши миёна дар кишварҳои пасошӯравӣ эълон кардааст, ки сокинони Тоҷикистон ҳақмузди пасттарин мегиранд.
Тибқи иттилои ин ниҳод аз рӯи ҳаҷми маош Русия дар қаламрави ИДМ ҷои аввал гирифтааст. Музди миёнаи меҳнат дар ин кишвар дар соли 2014 896 доллар арзёбӣ шудааст. Дар ин раддабандӣ Қазоқистон бо 686 доллар музди меҳнати миёна дар ҷойи 2-юм омадааст. Ҷумҳурии Беларус ҷойи саввумро ба худ ихтисос додааст, ки музди меҳнати миёнаи ҳар коргар дар он 590 долларро ташкил медиҳад.
Озарбойҷон бо 568 доллар ва Арманистон бо 408 доллар мутаносибан соҳиби ҷойҳои 4 ва 5-ум шудаанд. Ба ҳисоби Кумитаи омори ИДМ сокинони Украина $277 ва Қирғизистон $236 маош мегиранд. Дар ин феҳраст аз ҳама охир Тоҷикистон қарор дорад, ки ҳақмузди сокинонаш ба ҳисоби миёна 181 долларро ташкил медиҳад.
Ин Кумита ҳамчунин ҳаҷми маоши миёнаи кишварҳои ИДМ-ро бо пойтахтҳояшон муқоиса карда, ҳисоб кардааст, ки ҳаҷми маоши сокинони Душанбе нисбати маоши миёна дар Тоҷикистон 97 дарсад бештар аст. Ин фарқият байни маош дар пойтахт ва ҳақмузди миёна дар тамоми кишвар калонтарин дар қаламрави кишварҳои ИДМ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |