Нигаронии вакил аз зери соя мондани Рӯзи нахустин президент ва Истиқлол
Як намояндаи парлумони Қазоқистон бар ин аст, “ҷашнвораҳои бузург”- Рӯзи нахустин раиси ҷумҳур ва Рӯзи истиқлоли Қазоқистон зери сояи Соли нави мелодӣ мемонанд.
Рулиқул Холмуродов аз омодагии зудҳангоми иди Соли нав изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, он идҳое мисли Рӯзи нахустин раиси ҷумҳур ва Рӯзи истиқлоли Қазоқистонро зери соя қарор медиҳад. Ба қавли ин намояндаи парлумон, “Рӯзи истиқлоли Қазоқистон ҷойгоҳи хосе дорад. Барои пойдор мондани озодӣ ва истиқлоли кишвар ҳар фард бояд арзиши онро бидонад. Ин қарзи ҳар шаҳрванд дар назди Ватан аст”.
Холмуродов афзуда, дар робита ба ин ду ҷашн ҳукумат бояд вазорат ва ниҳодҳои маҳаллиро муваззаф кунад, то кӯча ва майдонҳои шаҳрҳоро бо шиор ва овезаҳо ороиш диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, бояд фаъолияти раиси ҷумҳурро нишон бидиҳанд, то руҳияи истиқлол ва демократия мардумро ба патриотизм, якпорчагӣ ва таҳамулпазирӣ ҷалб кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |