Бахшҳо

Даъвати имом-хатиби Хуҷанд аз ҷавонон: Одоби ришмониро риоя кунед

Дар пайи “маърака”-и густурдаи “риштарошӣ” дар шимоли Тоҷикистон, Ибодулло Калонзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеи “Нури Ислом”-и шаҳри Хуҷанд аз ҷавонон хостааст, одоби ришмонӣ ва анъанаҳои миллиро риоя кунанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, ин даъвати Калонзода зимни вохӯрии Раҷабой Аҳматзода, райиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маркази вилояти Суғд сурат гирифтааст. Имом-хатиб дар бораи одобу анъанаҳои миллӣ ҳангоми либоспӯшии занону рафтани онҳо ба масоҷид, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ дар қаламрави Тоҷикистон ҳарф зада, аз симои озиҳирии бархе ҷавонону риоя нашудани одоби ришмонӣ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, “ҳар ҳар як мусулмон бояд анъанаҳои миллиро риоя ва эҳтиром намоянд.”

Ин даъвати Калонзода дар ҳолест, ки 28 август, Сино Ҳасанзода – корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо пахши як навори видеоӣ аз иҷборан тарошидани риши бархе аз сокинон дар ноҳияи Панҷакент хабар дод. Ин корбари фаъоли Фейсбук дар саҳифаи худ навишт, “дар шаҳри Панҷакент бо дастури Раҳмонқул Давлатов – сардори Шӯъбаи умури дохилии минтақа маъракаи густардаи риштарошӣ идома дорад.”

Баъдан, Раҳмонқул Давлатов ба “Озодагон” гуфт, “вақтҳои охир ба ном муллоҳое бо риш пайдо шуданд, ки як сураи Қуръонро намедонанд. Риш мондаанду дар даст сигор мекашанд, боз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нос туф мекунанд”. Сардори пулиси Панҷакент афзуд, корҳои фаҳмондадиҳии кормандонаш аз ҷониби ҳамсарони мардони ришдор низ ҷонибдорӣ ёфтааст: “Бештари занонашон навиштаанд, ки раҳмат ба милисаҳои Панҷакент, ки восита шуданду шавҳарҳои мо ришҳояшонро тарошиданд. Нав намуди зоҳириашонро дидем.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
.
Мусулмон на анъанахои милли, балки анъанахои исломиро бояд риоя кунад мухтарам домулло. Дуюмаш ин, ки дар кадом анъанахои миллии точики тарзи ришмони гуфта шудааст? кани адресашро дихед, мо як хонем.

abdulloh
Хуб мешуд чаноби домулло одоби Риш мониро зикр мекарданд аммо риши худи домулло ин хилофи суннат АСТ.!!!

Star
Мардум бовар накунед! То Калонзадоро мачбур накунанд, он кас аз пеши худ ягон сухани нораво нисбат ба риш намегуянд. Калонзода тарафдори онанд, ки мардхо риш дошта бошанд ва онро зебо нигох доранд.

Инро бубин а о мегуед, ки ришмондан барои хатибон вочиб аст, ин чи гуна хатиб аст, ки тарки вочиб мекардаасту боз маслихат медодааст, аввал чаноби хатиб ислох шавед, яъне вочиботро риоя намекунанд, боз, шарм намекарда бошанд

ъабдуллох
Мебахшед чаноби калонзода бафикрам шумо на фарханги исломиро медонеду на фарханги миллиро магар хамин фарханги миллии мо фарханги исломи нест ? хайфи ин масочид ва минбаре ки мисли шумо барин улламое ки на фарханги динниро медонеду на фарханги миллиро бале мо бо шумо дар масъалаи хизбу харакотхое ки дар каламрави кишвар мамнуъ хаст ман шахсан тарафдор хастам ки чавонон аз паси чунин харакатхои терористиву екстримиста нараванд ма бо ин масъала бо шумо хамфикрам леки дар бораи он ки риши дароз аз фарханги мо нест ё инки чавонон риш монанд ин хилофи фарханг аст ин билкулл нодуруст хаст мо то омадани ислом хеч фарханге надоштем ма аз шумо чаноби калонзода суол дорам ки як нафар шоир ё як нафареро ном гиред ки пеш аз омадани ислом барои ин миллат хизмат карда бошад тамоми бузургону шоирону адибони форсу точикро бинед хамаашон риш доштанд холо риши худатон мисли риши як синфи 8-ум хон аст барои хамин хушомадгуиятон назди мардум иззат надоред як бор ба хочи мирзо домулло абдуррахими казокони ба домулло махмадуллои кулоби бинед ки чикадар иззат доранд ман инчо номи турачонзодахоро нанавистам зеро боз касоне хаст ки мегуянд ин шогирди уст лекин бинед ин бузургон чи кадар иззат доранд аммо шумохо барин аз фарханг бехабар ки хато фарханги миллдиро намедонед ман хайронам ки чи гуям фарханги миллати точик фарханги исломист инро дарк кунед

Риш монира мазок кадиян дили одам бехазур
Мешава батартиб монен хамура.

Аз Худо тарсед коргарони корхои дохили!!!

Аз Худо тарсед коргарони корхои дохили!!!

Ахсан ба бародар Ъабдуллох!

Фарханги милли бошад хуввияти милли кучост!!!
Равед хамаи пайкараву суратхои бузургони МИЛЛАТРО ришашонро тарошед!
Абуабдуллохи Рудаки, Синову Чоми то ба Садридини Айни - ана он гах мохам риштароши мекунем, суннат суннат аст вассалом!

Dev
ъабдуллох,
Pesh az islom farhang nadoshtem? Hato kardi , sad bor hato kardi ! eshe kak doshtem. Farhangi beoloishu voloro pesh az islom doshtem. Pas az omadani islom shattahurimon sar shud.Avval arabi sustmorhur Kutajbai Muslim ,se bor bo lashkari hunhorash tojikkushi kard, bad gulomzodai Gazna tojikkushi kard, pas Chingizi mugul, bad Temuri lang... hamaash ba hamon hotir ,ki tojiki soda hudro avval musulmon guftu huvviyati milliashro ba faromushi zad. Baroi tojiki soda yagon galtidanho dars nashud, uro to diruzu to imruz "tu tojik nesti , tu musulmoni" gufta az pasash shattazani dorand.Risha metavoni to bandi nofat daroz mon, vale tojik budanatro faromush nakun! Mo avval tojikem ! Umedvoram "Ozodagon" nashr mekunad.

риш
Ришмонира харром кадан. Русо ихел масхара нестан. Подлезат намекунан. Ана ришонии хрестианора бинед, https://p2.patriarchia.ru/2014/09/15/1236212071/2P20140915-PAL_0585-1200.jpg
Валлохи айб аст, ки русо диндороша ехтиром кунад точико онхоро ришошона тарошида, да видео снимат карда машеникора мулло гуфта шарманда кунад,

ali
shoyat inha az hamon guruhi munofikin boshad! va on zanhoe ki in minaddoriro ba polis kardiyan voy bar holi onho!

чаноби домло дуруст гуфтаанд, зеро он кас хам аз фарханги дин ва хам аз фарханги милли бохабаранд. Шояд бештар мехонанду дониши худро зиед мекунанд. Аммо баъзе аз чавонони имруза на аз фарханги милли бохабаранду на аз фарханги дини. Танхо бо дониши динии махдуди худ чапа роста гап зада, сари хамая гаранг карда мегарданд. Як шахси калонсол гап задагинда чавонон бояд итоат кунанд ва ибрат гиранд. Фанати дин шуда миллатро фаромуш накунанд. Риш бошад танхо ба муйсафедон мезебад.

бериш аз торикистон
аслан риш хеч суннат ва фазилату фарзе нест. он хамаги як узви кучаке дар бадани одам ва баъзе хайвонот аст. замоне буд торик ва бидуни шароити хуби зист. мисли хозир дар кишвархои кафомонда риш хануз зарур аст. Пайгамбари ислом дар асри 6 мезист ва риш мемонд. ахли олам аз яхуд то чинои риш дошт он замон. марксу энглсу фидел риш монданд на аз мухаббат ба суннати Пайгамбари ислом . бузургтарин суннати Пайгамбар аклу фаросату дониш ва мухаббат ба махлукоти Худо буд ки мутаасифона точику афгону пуштуву.... дигар мардуми кафомондаи сайёра яъне чалласаводон он суннатхои маънавиро намепазиранд факат риш пойчаи кутох сатр ва чизхои дигари зохириро. ба кавли русхо "бисмилох,бисмилох был кабан стал баран, был кабан стал баран," бо ин усул халолро харом ва харомро халол кардани мешаванд муслимони зохириииииииии

имруз...бидуни шак худат барин рахгумон душмани миллати моянд ки майда майда фардо точику забону миллаташро ба араб мефурушед

[quote=ъабдуллох
як бор ба хочи мирзо домулло абдуррахими казокони ба домулло махмадуллои кулоби бинед ки чикадар иззат доранд.
аввалаш дар имлои забони мо Ъ дар аввали калима намеояд. яъне Абдуллох аст. дуввум инхо дар пеши ки иззат доранд. шахсан маро аз ваъзхои афсонавиашон хайф меояд ки магзхои хануз тозаи чавононро олудаи курсаводи мекунанд. тамоми илмашон иборат аз хадисхо, ки сахеху носахех буданашонро илм тасдик намекунад. хаттоо да ислом низ пайравони ду мазхаби асоси суннихо ва шиъахо ба хадисхои якдигар койил нестанд... хайфи миллате ки дар ин доми тазвир асри 21 ро ба сар мебарад...хайфи миллат....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)