Дар шабакаи ҷаҳонии интернет барои аввалин бор саҳфаи иҷтимоӣ бо забони тоҷикӣ рӯйи кор омад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» яке аз масъулини ин тарҳ иттилоъ дод, ин шабака барои тамоми тоҷикистониён ва тоҷикон аз саросари ҷаҳон кушода шуд. Гуфта мешавад, ҳар як корбар ва ё ба истилоҳ истифодабаранда, зимнан метавонад дар он сафҳаи худро кушояд, аксҳо ва наворҳо гузорад, ҳар лаҳза дӯстони нав ёбад ва ба онҳо нома нависад, аз хабару ҳаводиси аҷиб бохабар бошад ва дигаронро низ огоҳ кунад. Ба замми ин шабака ба шумо имкон медиҳад, ки ҷамъият ва гурӯҳҳои худро созед ва дар он пурсиш-посух ва баҳсҳо ташкил намуда дигаронро ба онҷо даъват намоед, тамоми мушкилоту шикоятҳо ва ё хушхабару паёмҳои неки худро барои тамоми ҳамватанони худ ва дӯстонатон расонед, хуллас чандин имконоти дигар комилан озод ва ройгон ва пурра бо забони тоҷикӣ.
Масъулини ин пружа аз муштариён даъват мекунанд, ки ба шабака бипайванданд. «Ин торнамо бо нишонии tojikon.com ва ё www.hamvatanon.com қобили дастраси ҳамагон аст»,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр