Беобии 26 ҳазор га замин бар асари садама дар Зафаробод
Чанд тан аз деҳқонони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд шикоят карданд, ки наздик ба ду ҳафта мешавад, канали калони обтаъминкунии ноҳия аз кор монда, аммо масъулин масъаларо ҷиддӣ намегиранд. Ба гуфтаи онҳо, аз ин канал беш аз 26 ҳазор га замини ноҳия обёрӣ мешавад, ки ҳоло ташналабанд.
Ибодулло Мансуров, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрикунии ноҳияи Зафаробод таъйид кард, ки оби канал аз рӯзи шашуми сентябр бо далели садама хушк шудааст. “Намояндаҳои ноҳия, вилоят ва кумитаи ҳолатҳои фавқулода омаданд ва корҳо барои рафъи камбудӣ ҷараён дорад. Барои таъмири ҷойи харобгашта арматур ва семент оварда шуд. Лавозимоти дигарро бо қарзи соҳибкорони инфиродӣ дастрас намудем. Имрӯз обро сар медиҳанд”.
Ин дар ҳолест, ки сарвари як хоҷагии деҳқонии ноҳия бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, “корҳои барқарорсозии канал танҳо рӯзона ва бо ташаббуси худи деҳқонон анҷом мешавад. Муттахассиси таъмиргар нест, ки корро пеш барад. Барои таъмири канал аз тамоми деҳқононе, ки заминҳояшон аз ин канал обёрӣ мешавад, 100 сомонӣ гирифтанд. Корҳо ҳанӯз нисф нашудаасту маълум нест, кай обро сар медиҳанд”.
Ҷамшед Холиқов, раҳбари идораи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳия ба “Озодагон” гуфт, зарари садама 223,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад: “Барои анҷоми корҳо аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар истифодабарандагони заминҳо маблағ ҷамъ карда шуд”.
Канали мазкур соли 1963 сохта шуда, иқтидори ғунҷоиши 36 метри мукааб обро дорад. Масъулини идораи беҳдошти замин ва обёрикунии ноҳияи Зафаробод мегӯянд, чунин як садама солҳои 80-уми қарни гузашта ҳам ба вуқӯъ пайваста буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |