Пойгоҳи 201 соҳиби маҷмааи “ПСО-Р” шуд
Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон соҳиби таҷҳизоти “ПСО-Р” шудааст.
Ярослав Рошупкин, масъули Ҳавзаи низомии марказии Русия бо таъйиди ин хабар гуфтааст, феълан мутахассисон дар машқгоҳи низомии Лоҳур дар ҳоли насби ин маҷмааи мутаҳаррики тирандозӣ, (ПСО-Р) ҳастанд, ки тариқи мавҷҳои радиоӣ идора мешавад.
Муҷаҳҳазсозии пойгоҳи 201 дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон сурат мегирад, ки ба гуфтаи бархе аз коршиносон боиси афзоиши таҳдидҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИДМ мешавад.
Пойгоҳи низомии Русия бузургтарин пойгоҳи ин кишвар дар хориҷ маҳсуб мешавад, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб мустақар аст. Мувофиқи қарордоди моҳи октябри соли 2012-ум муҳлати будубоши ин пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042-ум тамдид шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |