Бахшҳо

Шикояти Q-Net аз болои Орзу Исоев ва “Имрӯз” ба додгоҳ

Ширкати “Квестнет” ё худ Q-Net аз болои Орзу Исоев, рӯзноманигори тоҷик ва радиои “Имрӯз” ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Ин нуқтаро дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” Ҷовид Ғуломиддинов, намояндаи ширкати Q-Net таъйид намуд. Ба иттилои манбаъ аризаи даъвогӣ ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ пешниҳод шуда, талаб карда шудааст, ки Исоев ва радиои “Имрӯз” аз ширкати Q-Net узрхоҳӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон Орзу Исоев – муҷрӣ ё барандаи собиқи барномаи Баҳси Имрӯз дар Радиои Имрӯзро ба нақзи муқаррароти чор банди Меъёри ахлоқии журналист “айбдор” кардааст, ки зимни барномаҳояш дар бораи Q-Net роҳ додааст. Масъулони ин Шӯро мегӯянд, агарчӣ Орзу Исоев ҳоло дар “Имрӯз” кор намекунад, аммо бо ирсоли номае ба роҳбарияти радио машварат додаанд, ки хабарнигоронашон ҳангоми таҳияи матолиб ба эҳсосот дода нашаванд.

Тавсияи Шӯрои ВАО дар пайи шикояти Сайҳомид Маҳмудов, раҳбари ширкати “Квестнет” (Q-Net) дар Тоҷикистон, аз болои Орзу Исоев навишта шудааст. Оқои Ҳомидов иддао карда буд, ин хабарнигори тоҷик ҳангоми суҳбаташ дар бораи ширкати Q-Net онҳоро мавриди таҳқиру туҳмат қарор дода, шаъну этиборашонро паст мезанад.

Барномаи “Баҳси Имрӯз” ҳар субҳ аз соати ҳафт то даҳи рӯз дар Радиои Имрӯз мустақим пахш мешуд. Яке аз мавзӯъҳои доғе, ки дар ин барнома тавассути Орзу Исоев матраҳ гардида, бо вокунишҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид, фаъолияти Q-Net дар Тоҷикистон буд. Оқои Исоев ахиран, ба дунболи барканории Рустами Ҷонӣ аз мақоми мудири кулли ширкати Ориёно-Медиа, ки шомили Радиои Ориёно ва Имрӯз асту ба Ҳасан Асадуллозода, роҳбари Ориёнбонк марбут дониста мешавад, аз кор рафт.

Сайҳомид Маҳмудов, раҳбари ширкати “Квестнет” хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе мебошад ва ин нуқтаро ахиран худаш зимни як нишаст тасдиқ карда, таъкид намуд, ки Убайдуллоев ба “Квестнет” рабте надорад.
Мӯҳр
Амирчон
Охир ин ширкат дар хакикат пирамидаи молиявй аст ва хама фаъолияташ дар асоси бо чй рохе набошад чалб намудани мизочон мебошад! Инро хама медонад! Аммо барои чй сохторхои кудратй пеши рохашонро намегиранд? Забони дузду гар дароз мегуянд рост будааст. Журналист масъалаи мухимро бардоштааст ва дар асоси суханронихои нафароне ки курбони фиребу найрангхои ин ширкат гаштаанд барнома омода намудааст. Орзу мо бо Шумоем! Ман худам рафта дар суд шохидй медихам ки чй хел маро намояндаи ин ширкат фиреб додааст.

Student...
Salom aleykum..Hamin Q-Net xud, dar Malaysia tashkil yoft. Ammo hozir hamin shirkatro dar Malaysia Qatian man kardagian, baroeki, kor va faoliyati in shirkat xud mano nadora, mardumi kambagala frevm mekunannu,xalos. Bo izo nakashida, ariza menavisan sudda. Az Hukumati Jumhuri murojiat karda meshavad, ki Katian in shirkata faoliyatsha man kunan. Mo mardumi Tojik boyad ba ya fikri navi toza, biyoyem to ki davlatmona, iqtisodiyoti mamlakata baroderem, in Q-net yak kori bemano " Odam biyor sum gir "!!!

ъабдуллох
Оё Орзу хак надорад як масъаларо бардорад дар холе ки у як рузноманигор аст дар холе ки мебинем рузноманигорони дигад давлатхо хато аз болои раиси чумхуру дигар намояндахои воломакоми кишварашон бахсхоеро ба бор меоваранд ман шахсан бо орзу хастам и хакки констутутсионии орзу хаст зеро вакте ки орзу ин масъаларо бардошт у дар радио кор мекард у хакки озодии баёнро дорад ва аз хама мухимаш як журналист чаро хак надоштааст камбудихои як ширкатро ошкор кунад

ИН ширкат сирф ширкати мардумфиреб аст, фаъолияти мардумфиребонаро ба рох мондаст. орзу вокеан рузноманигоре хаст, ки мавзухои доги рузро дар ррадиои имруз матрах мекард. Агар Орзу дар суд лозим донад ман худ шохиди медихам ва аз мардумфиребии ин ширкат харф мезанам

Шефер
Ин ширкати Q-Net дузтарин, хонавайронкун ва клобтарин ширкат аст, ки ба хамагон маълум аст, аммо тагои бокувват, ки дорад хамеша у аз об хушк мебарояд. Бечора устод Шарифзодаро тахдид кардаанд, ки аз Q-Net тарафдори карда Орзуро бо далели нақзи муқаррароти чор банди Меъёри ахлоқии журналист “айбдор” кунад. Ин сад дар сад маълум аст. Чунин фишорорихо болои устод бори аввал нест. Бечора устод, ки зодаи Тоикистон нест хамеша забонкутох аст. Хулоса шояд Орузу каме ба эхсосот дода шуда бошад, аммо барои дарки чодугар, калоб, ва дузд будани Q-Net акли яа кудаки 5 сола кифоят мекунад, аммо тавре зикр кардем ТАГО дорад ТАГО......

Шинос
Офтобро бо доман пушонда намешавад. Хакикат хамеша талх аст ва онро Орзу баён кард.

75
Дузди зур сохиби говро бастааст гуфтаги барин ачаб не Орзуро мучозот кунанд.Посмотрим как будет развиватся этот процесс.

Камол
Чанд тичоратхоро дар телевизион намоиш додааст ва сабаб шудааст Чандин корхонахо тафтиши моли ва содироташон мань шавад бевичдон то хол мо сохибкорон азоб мекашем хаволааш ба Худо. Боз шеьр менависад. Милионхо зарар ба буча ва сохибкорон овардааст.

Саид
Бародар Шефер чаро шумо мегуед, ки устод Шарифзода бечора асту аз Точикистон нест ва метарсакд аз хаминхотир болои вай фишор овардаанд, ки Орзу Исоевро ба чор меъёри ахлокии журналисти мутахам кунад?! бародар як чизро аз хотир набароор, ки чойи одами тарсончак раиси Иттифоки журналистон нгест!!! Дар ончо касе бояд бошад, ки на хотири тагаро бинаду на аз каси дигаро!!! дар холе, ки аз журналистон пуштибони карда наметавонаду метарсад ва фишораш меоран ба гуфти шумо хубтараш номус карда гуяд ин бехтараст, ки ман аз кор равам барои обуруяш!!!

E xudo, chiba inka kyndfahm bowad tojikoi mo. Jurnalist vakti tahiyai barnoma naboyad ba ehsosot doda shavad, vale Orzu Isoev dar vakti barnomaaw gue "glavniy geroy" bowad guftor va xulosabarori mekardki naboyad chunin boshad. Vakte ba Rustami Joni meguftandki Orzu ba ehsosot doda mewavadu meerhoi axlokiro rioya namekunad Rustami J. meguf: "Orzu shou man ast na jurnalist". Tak chto pust Orzu nestroit iz sebya Jurnalista, emu eshe rasti I dorosti. Wunidam namoyandagoni IN ba Sharifzoda chandinborho zang zada tahdidaw karda budand, woyad in gapo ba akai Hasan rasidagistki Rustami Joniro sabukduw kard az vazifa.a Orzu Ba hofizaho "saram bowad tokim zied ast" naviwta gawtan girad.

Ooo marduuumm, chixel namefahmeton . Durustki Orzu hakro meguft, vale u naboyad hamchun jurnalist ba ehsosot doda mewud, Orzu kodeksi meeri axlokii jurnalistiro vayron kardaast. Akalan hamon kodeksa xonda bad inka puwtii Orzura giren. Kamtar obektivona baho dihed ba vaziyat. U medali dve storoni

шафиёри такси
Дунё ачиб аст касе ки фанду фреб харф занад рузе уро гунахгор мекунад бояд чанд кас бе хона шавад хомуш ист меган зиндон мекунем барномаи Орзу Исоев гуш мекардум як тарафа набуд рахбари квестнет даъват карда буд наомаданд чабр дидагон хам бисёр буданд АЧИБ ДУНЁ

Дар хакикат Орзу Исоев шархи дуруст додаанд ин хамин хел хам шудааст. Лекин бар зиди он тухмат карда истодаанд. Хакикат хакикат аст. Чи хеле, ки гуфтаанд, Офтобро бо доман пушонида намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)