Бахшҳо

Барзу Абдураззоқов: Ин воҳимасозиҳо атрофи номи ман беасосанд!

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик хабари истеъфояш аз Театри миллии драмавии ба номи Чингиз Айтматови Қирғизистонро рад карда, гуфт, ба Тоҷикистон барои хабаргирӣ аз падари бемор ва модараш меояд.

Абдураззоқов баъди зуҳри 17-уми сентябр дар шарҳи хабарҳои охир оид ба нофаҳмиҳояш бо роҳбарияти театри миллии Қирғизистон гуфт, “ин воҳимаҳо атрофи ман беасосанд.” Ӯ гуфт, дар Бишкек бо ҳамкоронаш муносибати хуб дорад ва бо роҳбарияти Театри миллии драмавӣ низ якдигарнофаҳмии ҷиддӣ надорад: “Баъзан нофаҳмиҳои кӯчаке, ки мешаванд, ин як чизи муқаррарист ва дар ҳама ҷо аст.”

Ин коргардони тоҷик таъкид намуд, ки ҳатман ба Бишкек хоҳад баргашт чун он ҷо корҳои зиёди анҷомнаёфта дорад.

Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз расонаҳои муътабари Қирғизистон аз истеъфои Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик хабар доданд. Ба итилои манбаъ аризаи истеъфои Барзу Абдураззоқов дар пайи якдигарнофаҳмӣ бо мудири театр, Александр Кулински ва саркоргардон Неллӣ Плешкова навишта шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳунармандони қатории театр аз Абдураззоқов ҳамчун мутахассиси хуб ва зиёии рӯшанфикр ном мебаранд.

Барзу Абдураззоқов охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ Тоҷикистонро ба қасди Қирғизистон тарк кард ва наздикони ӯ гуфтанд, Барзу барои кор ва зиндагӣ ба шаҳри Бишкек рафтааст. Далели тарки Тоҷикистон кардани коргардони маъруфро ба он рабт доданд, ки дар театрҳои кишвар ӯро ба кор нагирифтаанд. Абдураззоқов яке аз коргардонҳои шинохтаи Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳид дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Охирҳои моҳи феврал дар театри ба номи Абдумомунови шаҳри Бишкек мактаби коргардонии Барзу Абдураззоқов таъсис ёфта авохири моҳи марти соли равон Вазорати фарҳанг ва Анҷумани фаъолони театри Қирғизистон барои беҳтарин ҳунари коргардонӣ дар 5 соли охир ба Барзу Абдураззоқов ҷоиза дод.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Barzu
I Barzui tarifiton qati soyai hudush soz namegira!

"Олим шудан осон, одам шудан душвор". Барзу дар он дунё равад хам, недовольно мемонад.

Точик
Э Барзу Барзу!!! Ман нагуфтам игвоя кам куну дар ватан бош!!! Ту танхо метавони ба миллатат лозим бошию халос. Ё баръакс гуям хунаро туро танхо точик метавонад кадр кунаду халоос, аммо ба микдори будааш албатта!!!

Ака приветствуем, если что то не нравится, надо сразу все на место ставить.
Так было и так будет. На остальное, сам Всевышний, даст-пищу для размышление.

Аз руи шуниди ман дар Сугд ба Барзу аз хисби давлат манзил дода будаанд. Агар рст бошад, кадрдони ва эхтироми сохибистеъдод хамин аст. Намешавад, ки ба хама мучассамаи тиллои монем ва ё дар купюраи пули милли расмашро чой кунанд. Шукр ва каноат хислати бузургон аст. Ман-мани карда, тарки Ватан кардан, окибат хорию залили меоварад ва ин мисоли авалин нест... Бовар накарданист, ки муаллима Сайрам Исоева Барзуро нулзанак карда бошанд. Агар вокеи хам бошад, бояд ин хунарманд тахаммул мекард ва бо фаъолияти пурмахсулаш дахони хамаро мебаст. Агар дар ватани худ аз ракобати хамкорон фирор куни, дар ватани бегона рохат намедиханд, хамин хел меронанд... Барзу хар чо, ки бошанд, сихату саломат бошанд....

хонандаи доими
расонахои миллиамонро мебояд, ки аз ин пас ба хабархое, ки аз номхои мустору шубхаовари сомонахои ичтимои таваччух накунанд ва онро дар сомонаву матбуоти точик бознашр накунанд, зеро барои як хабарро хондан мо мардум 3-4 дакика вактамонро сарф мекунему баъд мефахмем, ки хабари дуругу бепоя аст, нисбати расона нобовари пайдо мекунем. Биёед хамдигарро эхтиром кунем. Мо бехабар намонед, кам кам хам бошад хабархои хакики пешниход кунед. Дуруг офат аст

Адиб
Эха чаноби барзу ёд дори муовини аввали вазири фарханг - М Пиров дар нишасти хабари чи гуфта буд? Гапаш рост баромад

Комрон Сафаров ва дигарон: Барзу Абдураззок дар Точикистон чои кор надошт. Бе маошу даромад чи кадар мешишт?Аз Киргизистон пешниходи кор карданд, хеста рафт. Хамаи ин суханхои тахкиромез бо чи асос?

душанбегӣ
Ҳамин шахс худаш гуфта истодааст, ки воҳима насозед, ин кас ба нигоҳубин ва ё дидорбинии волидайне, ки имрӯз ба фарзанди худ ниёз доранд омадааст. Шахсе, ки аз баҳри кору роҳат гузашта ба назди ҷигарбандонаш бармегардад оё сазовори чунин кинояю маломатҳои бархе ҳаст ?! Ба ҳар сурат нерӯи ин касро барои рушди фарҳанги ватанӣ истифода баранд хубтар мебуд, охир ягон шахси тасодуфии аз дигар миллатро ба коргардонии як театре, ки ба номи қаҳрамони дигар миллат аст мемонанд ? Аз ин мебарояд, ки воқеан истеъдод ва ҳунари асил дорад. Каме ба қадри якдигар расем, агар не ҳеҷ кас моро иззат намекунад.

Хучанд
Бовар кунед, шояд дар Точикистон сигор ба у нарасад. Чунон бисёр мекашад, ки... Дар репетитсияю дигар чойхои чамъияти аз сигоркашиаш.......Чои у хорича аст!!!!!!!!!!!!!!!!!

Точик
Кати Хами барзуи базуртон кимоб кардед.у як дагдагачии беасос аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)